Март 01, 2019 19:49 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон дар Маскав бо муовини вазири умури хорҷаи Русия

Сафири Эрон ва муовини вазири умури хорҷаи Русия дар бораи таҳаввулоти минтақаи Ховари Миёна дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар дидори рӯзи ҷумъа Меҳдии Саноӣ сафири Эрон дар Русия бо Михаил Богданов муовини вазири умури хорҷаи ин кишвар, ду тараф дар бораи таҳаввулоти Ховари Миёна аз ҷумла Сурия ва Ироқ ва ҳамчунин ибтикори Русия дар заминаи амнияти ҷамъӣ дар Халиҷи Форс табодули назар карданд.

Сафири Эрон ва муовини вазири умури хорҷаи Русия ҳамчунин ба нақши ғайрисозандаи Амрико дар раванди оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо Сурия таъкид карданд.

 

Барчасп