Раҳбари муъаззами инқилоб: Барои ҳифзи ҷангалҳо ва маротеъ бояд талош кард
Дар ҳафтаи манобеъи табиӣ ва ҳамзамон бо рӯзи дарахткорӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ имрӯз ду ниҳол мева ғарас карданд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи дарахткориро муждаи дар пеш будани баҳор ва ёдовари аҳамияти пушиши гиёҳӣ донистанд ва бо ишора ба хасоратҳое, ки дар асари беэътиноӣ ба ҷангалҳо, маротеъ ва пушиши гиёҳӣ ба кишвар таҳмил мешавад, хотирнишон карданд, масъалаи дарахт ва ҳифзи пушиши гиёҳӣ бояд ҷойгоҳи воқеъии худро дар фарҳанги умумӣ пайдо кунад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, кошти ниҳол дар рӯзи дарахткориро иқдоме намодин ва бо ҳадафи тақвияти фарҳанги аҳамият додан ба дарахт ва гиёҳ баршумурданд ва бо интиқод аз осебзадан ба дарахтон дар бархе марказҳои пурдарахт бо ангезаи бино кардани сохтмон афзуданд, дастгоҳҳои масъул бояд ҷиддан дар муқобили ингуна корҳо биистанд ва иҷозаи анҷоми онро надиҳанд.
Дар Эрон шашум то 13-уми март ба унвони "ҳафтаи манобеъи табиӣ" номгузорӣ шуда, ки нахустин рӯзи ин ҳафта (шашуми март) рӯзи дарахткорӣ аст.