Март 09, 2019 18:47 Asia/Dushanbe
  • Имзои мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо маводи мухаддир байни Эрону Русия

Эрон ва Русия барномаи се солаи иқдомоти муштарак барои ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир ва маводи равонгардон имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар дидори Искандар Муъминӣ, дабири кулли Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон бо Владимир Колокотсев, вазири корҳои дохилаи Русия дар Маскав, ду тараф муборизаи ҷиддӣ бо қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардонро хостор шуданд.

Вазири корҳои дохилаи Русия бо қадрдонӣ аз талошҳои Эрон дар мубориза бо маводи мухаддир ва омодагии кишвараш барои афзоиши тамосҳо дар ин замина, бар аҳаммияти ҳамкориҳои минтақаӣ дар арсаи муқобила бо қочоқи маводи мухаддир таъкид кард.

Колокотсев афзуд: Эрон дар заминаи талош барои коҳиши сатҳ тақозои маводи мухаддир, пешгирӣ аз истеъмоли маводи мухаддир, мудово ва бозпарварии мӯътодон ва бозгардондани онҳо ба ҷомеа нақши қобили таваҷҷуҳе ифо мекунад.

Ҳамчунин дар дидори дабири кулли Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон бо Василий Пискарев, раиси Кумита амният ва муқобила бо фасоди Думои Русия бар муборизаи ҳамаҷониба бо қочоқи маводи мухаддир таъкид шуд.

Ду тараф таъкид карданд, чунончи ҳамаи кишварҳо ба масъулияти муштараки байналмилалии худ амал кунанд, терроризм ва маводи мухаддир аз байн хоҳад рафт ва бори масъулияти ин мубориза бар дӯши танҳо чанд кишвар маҳдуд нахоҳад шуд.

 

Барчасп