Март 11, 2019 18:16 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони ҷумҳурии Эрон ва Ироқ дар Бағдод

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон амният ва суботи Ироқро ба суди ҳамаи минтақа донист ва таъкид кард, Эрон ва Ироқ ба далели терроризм, бо душвориҳои зиёде рӯбарӯ шуданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар нишасти муштараки хабарӣ бо Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ дар Бағдод гуфт, амният ва суботи Ироқ барои Эрон аҳамият дорад, зеро Ироқи босубот метавонад нақши муҳимме дар минтақа ифо кунад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки “эҳсоси мо дар Ироқ эҳсоси будан дар ватани худамон аст” афзуд, равобити ду миллати Эрон ва Ироқ ҳазоронсола аст ва Теҳрон алоқаманд аст, ки ин равобити динӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва минтақаиро беш аз пеш мустаҳкам кунад.

Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ низ дар ин нишасти муштараки хабарӣ, бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Эрон аз Ироқ дар мубориза бо ДИИШ гуфт, равобити Ироқ ва Эрон ба суди ҳамаи минтақа аст.

Солеҳ сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ироқро таъкиде бар умқи равобити байни ду кишвар донист ва бар рафъи мавонеи ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Бағдод таъкид кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (душанбе) дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд.

 

Барчасп