Тағйири фриконсҳои пахши радиои тоҷикии Садои Хуросон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42356
Фриконси пахши барномаҳои субҳгоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон аз рӯзи якшанбеи 31 март, баробар бо ёздаҳуми фарвардин тағйир мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 11, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Тағйири фриконсҳои пахши радиои тоҷикии Садои Хуросон

Фриконси пахши барномаҳои субҳгоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон аз рӯзи якшанбеи 31 март, баробар бо ёздаҳуми фарвардин тағйир мекунад.

Шунавандагони радиои тоҷикии Садои Хуросон аз якшанбеи сивуякуми март метавонанд барномаҳои субҳгоҳии Садои Хуросонро рӯйи мавҷи кӯтоҳи радифи 49 метр, баробар бо 6175 килоҳертз (khz) ва низ радифи 49 метр, баробар бо 6000 килоҳертз (khz) дарёфт кунанд.

Ёдоварӣ мешавад, ки барномаҳои субҳгоҳӣ ва шомгоҳии ин радио ҳамчун гузашта рӯйи мавҷи миёнаи радифи 720 килоҳертз (khz) қобили дарёфт аст.