Март 12, 2019 17:57 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ғарбиҳо дар нобудии террористҳои минтақа нақше надоштанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ҳамагон медонанд, дар нобудии террористҳо дар минтақа қудратҳои ғарбӣ ҳеҷ нақше надоштанд ва фақат бо ҳавопаймоҳо ва болгардҳои худашон амалиёти намоишӣ анҷом доданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи нухбагони ироқӣ дар Бағдод бо баршумурдани аҳдофи қудратҳои султагар аз кашондани террористҳо ва ДИИШ ба минтақа афзуд, эҷоди шикоф ва тафриқа миёни кишварҳо ва миллатҳои минтақа, эҷоди ихтилофоти амиқ миёни қабоил ва мазоҳиб, тавҷеҳи ҳузури номшрӯи худ дар минтақа, тахриби Ироқу Сурия ва бархе кишварҳои минтақа, муаррифии худ ба унвони мунҷӣ ва дар ниҳоят ироаи чеҳрае хашин аз Ислом аз ҷумлаи аҳдофи қудратҳои султагар буд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози хурсандӣ аз ин ки дар ҳама шароити печида ва сахти минтақа миллатҳои Эрон ва Ироқ пайваста дар канори ҳам будаанд, афзуд, дар раванди мубориза бо ДИИШ Ҷумҳурии Исломии Эрон дар канори мардуми Ироқ буд. Рӯҳонӣ тасреҳ кард, мусалмонони минтақа тавонистанд ба дунё бигӯянд, ки террористҳо мусалмон нестанд ва бар хилофи таблиғоти исломситезона Ислом дини адолат, раҳмат ва ҳамзистии мусолиматомез бо ҳама ақвому адён аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки ҳама миллатҳои мусалмон ва муттаҳиди минтақа ҷанг бо терроризмро то аз байн бурдани фитна идома хоҳанд дод, гуфт: “Мо ниёзманди иттиҳоди бузург барои эҷоди қудрати бузурги минтақаӣ ҳастем, ба тавре ки вақте абарқудратҳо ба ин минтақа фикр мекунанд, дар сатри аввали зеҳнашон нафту ғорати миллатҳо набошад”. Раиси қувваи иҷроияи Эрон ҳамчунин равобити ду давлат ва миллати Эрону Ироқро бисёр мумтоз ва мисолзаданӣ дар минтақаву ҷаҳон дониста афзуд, ин ки миллионҳо ироқӣ ва эронӣ ҳар сол ба кишварҳои якдигар рафтуомад мекунанд, нишони алоқаҳои таърихӣ ва фарҳангии миёни ин ду миллати бузург аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе барои сафари серӯза роҳии Ироқ шуд.

 

Барчасп