Рутбаи нахусти Эрон дар дар кайфият ва саломати хун дар байни кишварҳои минтақа
(last modified 2019-03-13T12:50:57+00:00 )
Март 13, 2019 17:50 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи нахусти Эрон дар дар кайфият ва саломати хун дар байни кишварҳои минтақа

Мудири Созмони интиқоли хуни Эрон гуфт, кайфият ва саломати хуни эрониҳо рутбаи нахустро дар байни кишварҳои минтақа дорад.

Алиакбар Пурфатҳуллоҳ, мудири Созмони интиқоли хуни Эрон афзуд, мизони эҳдои хун дар Эрон 27 воҳид бар ивази ҳазор нафар ҷамъият будааст, ки ин рақам дар кишварҳои пешрафта ва саноатӣ 33 воҳид аст.

Вай бо баёни ин ки саломати хунҳои тазриқӣ бисёр дорои аҳамият аст, изҳор дошт, Созмони интиқоли хуни Эрон ба унвони маркази ҳамкори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дастовардҳои илмӣ - пажӯҳишии худро дар заминаи тибби интиқоли хун ба кишварҳои минтақаи Медитаронаи шарқӣ омӯзиш медиҳад.

Ба гуфтаи вай, эҳдои хун дар Эрон довталабона ва бидуни ҳеч чашмдоште сурат мегирад ва ин масъала боис мешавад, ки афрод нисбат ба саломати худашон эҳсоси масъулият кунанд.