Баррасии чашмандози иттисоли шабакаи барқ байни Эрон ва Русия
(last modified Wed, 13 Mar 2019 13:33:26 GMT )
Март 13, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • Баррасии чашмандози иттисоли шабакаи барқ байни Эрон ва Русия

Вазири нерӯи Эрон ва вазири энержии Русия чашмандози иттисоли шабакаи барқи ду кишвар аз тариқи хоки ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистонро баррасӣ карданд.

Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва Александр Новак, вазири энержии Русия дар гуфтугӯи телефонӣ тавофуқ карданд, ки нишасти комиссияи иқтисодии ду кишвар ба муддати се рӯз дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исфаҳон (маркази Эрон) баргузор шавад.

Ардакониён ва Новак ҳамчунин тасмим гирифтанд, моҳи майи соли 2019 конфронсе дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ байни Эрон ва Қафқози шимолӣ дар Теҳрон баргузор шавад.