Март 17, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Ҷойи дувуми тими Эрон дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии кӯштӣ

Тими миллии кӯштии Эрон ноиби қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии кӯштӣ дар Русия шуд.

Рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии кӯштии озоди Русия рӯзҳои 16 ва 17-уми март дар шаҳри Якутск баргузор шуд, ки зуҳри имрӯз дар дидори поёнии ин мусобиқот тими Эрон бо таркибе аз нафарони ҷавон муқобили Русия ба қувваозмоӣ рафт. Дар поён низ тими миллии кӯштии Эрон, ки бо таркиби аслии худ дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2019 ҳозир нашуда буд, ба ноиби қаҳрамонӣ расид. Тими миллии кушти Эрон дар даври гурӯҳӣ ба тартиб аз садди тимҳои Муғулистон, Амрико ва Гурҷистон гузашта ва роҳии дидори поёнӣ шуда буд.

Дар дидори радабандӣ низ Амрико бо пирӯзӣ бар Ҷопон ба унвони қаҳрамони савуми ҷаҳон даст ёфт.

Бад-ин тартиб дар поёни мусобиқоти кӯштии Ҷоми ҷаҳонӣ тимҳои Русия, Эрон, Амрико, Ҷопон, Куба, Муғулистон, Гурҷистон ва Туркия ба тартиб дар ҷойгоҳои аввал то ҳаштум қарор гирифтанд.

 

Барчасп