Март 24, 2019 21:31 Asia/Dushanbe
  • Нахустин киштии пешрафтаи гардишгарии эронӣ ба об андохта шуд

Нахустин киштии пешрафтаи гардишгарии эронӣ бо зарфияти интиқоли 220 сарнишин бо ҳузури Сурно Сатторӣ-муовини раиси ҷумҳури Эрон ва Ғуломҳусайни Музаффарӣ- мудири омили минтақаи озоди Кеш,ҷануби Эрон ба об андохта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин шиновар “Томорон топ турз» ном дорад ва бузургтарин ва пешрафтатарин киштии мусофирбарии Эрон маҳсуб мешавад.

 Шиновари мусофирбарии “Томорон топ турз» , ки дорои таидияи байналмиллалӣ аст илова бар кашондани мусофир, метавонад то 80 тонна бор ва 10 худравро ҷо ба ҷо ва аз тариқи ду вурудӣ боргирӣ ва тахлия кунад.

 Суръат, қобилияти дарёнавардӣ дар шароити обу ҳавоии мухталиф ҳатто ҳаракат дар мавҷҳои баланди 4- метрӣ аз вежагиҳои ин шиновар унвон шудааст.

 Баҳрабардорӣ аз киштии мусофирбарии “Томорон топ турз» дувумин тарҳи гардишгарии дарёӣ аст, ки дар чаҳор рӯзи гузашта дар ҷазираи Кеш иҷро шудааст.

 Дар аввалин тарҳ рӯзи панҷшанбе 21 март, нахустин ресторани дарёӣ ва зердарёии Эрон ва Ховари миёна ифтитоҳ шуд.

 Ҷазираи Кеш, яке аз ҷазираҳои халиҷи Форс ва аз қаламрави устони Ҳурмузгон ва аз нуқоти дидании ҷануби Эрон аст. Солона беш аз як миллиону ҳафтсад ҳазор гардишгар ба ҷазираи Кеш мусофират мекунанд.

 

Барчасп