Иқдоми ғайриинсонии Амрико зидди селзадагони Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42833-Иқдоми_ғайриинсонии_Амрико_зидди_селзадагони_Эрон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, Амрико ҳисобҳои Ҳилоли Аҳмари Эронро масдуд карда ва бо ин иқдоми он амалан кумакрасонӣ аз кишварҳои дигар ба мардуми селзадаи Эрон дучори халал шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 02, 2019 12:28 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми ғайриинсонии Амрико зидди селзадагони Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, Амрико ҳисобҳои Ҳилоли Аҳмари Эронро масдуд карда ва бо ин иқдоми он амалан кумакрасонӣ аз кишварҳои дигар ба мардуми селзадаи Эрон дучори халал шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ рӯзи сешанбе афзуд, бо таваҷҷуҳ ба баста шудани ҳисобҳои Ҳилоли Аҳмари Эрон ҳеҷ шаҳрванди хориҷӣ ё эронии муқими хориҷ наметавонад кумаке ба мардуми селзада ирсол кунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон изҳор дошт, ин иқдоми Амрико дар остонаи солгарди хориҷ шудани ин кишвар аз тавофуқи ҳастаӣ нишондиҳандаи рӯйкарди зиддимардумии давлатмардони Амрико ба рағми шиорҳо ва иддаоҳои масхараи онҳо аст, ки мегӯянд, таҳримҳо зидди мардуми Эрон нест ва ба нафъи мардуми Эрон аст. Қосимӣ гуфт, маъмулан ҳатто дар шароити сахту изтирорӣ тамоми сомонаҳои бонкӣ масдуд намешаванд ва имкони ирсоли кумакҳои башардӯстона ва инсонӣ ба мардум аз тариқи ниҳодҳое мисли Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар фароҳам мешавад, аммо Амрико дар як рӯйкарди зиддиинсонӣ ва золимона тамоми масирҳои кумакрасонӣ ба мардуми селзадаи Эронро бастааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон тасреҳ кард, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии имдодрасон бо ин иқдоми ваҳшиёна муқобила кунанд.

Қосимӣ таъкид кард, Амрико бояд посухгӯи ҳама авоқиби иқдоми худ дар мамонеат аз кумакрасонӣ ба мардуми селзадаи Эрон бошад.