Апрел 08, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди таҳримҳои ҳуқуқи башарии Аврупо алайҳи Эрон

Иттиҳоди Аврупо дар идомаи истифодаи абзорӣ аз ҳуқуқи башар, таҳримҳо алайҳи Эронро дар ин замина ба муддати як соли дигар тамдид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шӯрои Аврупо рӯзи душанбе бо интишори иттилоияе, таҳримҳои муртабит бо ҳуқуқи башар алайҳи Эронро то 13 апрели соли 2020 тамдид кард.

Ин таҳримҳо нахустин бор дар соли 2011 алайҳи Эрон ҷорӣ ва аз он сол то кунун ҳар сол тамдид шудааст.

Иттиҳоди Аврупо дар канори мухолифат бо таҳримҳои зиддибарҷомии Амрико, ҳар аз гоҳе ба баҳонаҳои мухталиф таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Эрон ҷорӣ ва ё таҳримҳои қаблиро тамдид кардааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ин таҳримҳоро ғайрисозанда, сиёсӣ ва фоқиди эътибори ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ хондааст.

Иқдоми кишварҳои аврупоӣ дар тамдиди таҳримҳои Эрон ба баҳонаи ҳуқуқи башар дар ҳоле сурат мегирад, ки кишварҳои ин иттиҳодия ҳамчун Британия ва Фаронса ҳозир нестанд аз суди фурӯши силоҳ ба Арабистон чашмпӯшӣ кунанд ва дар баробари нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар ин кишвар иқдоми амалӣ ва муассир анҷом диҳанд.

 

Барчасп