Апрел 09, 2019 16:41 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Тавтеаи Амрико алайҳи Сипоҳ ба ҷое нахоҳад расид

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ иллати хусумати амрикоиҳо бо Сипоҳи посдоронро пешгомии он нерӯ дар дифоъ аз кишвар ва инқилоб хонданд ва хотирнишон карданд, Амрико ва душманони нодон чиҳил сол аст, ки ҳар чӣ дар тавон доштанд, алайҳи ҷумҳурии исломӣ ба кор бастанд, аммо ҳеҷ ғалате натавонистанд бикунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ шаби гузашта ба муносибати вилодати босаодати ҳазрати сайидушшуҳадо ва Рӯзи посдор дар дидори ҷамъе аз посдорон ва хонаводаҳои онон Сипоҳи посдорони инқилобро дастгоҳи барҷаста ва дар хати муқаддами мувоҷеҳа бо душман дар майдонҳои гуногун баршумурданд ва гуфтанд: “Сипоҳ ҳам дар майдони амалиётӣ ва муқобила бо душман дар марзҳо ва ҳатто чанд ҳазор километр дуртар дар атрофи ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) пешқадам аст ва ҳам дар майдони муқобилаи сиёсӣ бо душман”. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ кинаи амрикоиҳо аз Сипоҳро ношӣ аз ҳамин масъала донистанд ва афзуданд, амрикоиҳо ба хаёли худ алайҳи Сипоҳ ва дар воқеъ, алайҳи инқилобу Эрон нақша мекашанд ва гурбарақсонӣ мекунанд, албатта, ин хабосатҳо ба ҷое нахоҳад расид ва бо баргаштани макру фиреби онҳо ба худашон душманони ҷумҳурии исломӣ монанди Трамп ва аҳмақҳои атрофи низоми ҳокими Амрико дар ҳоли ҳаракат ба самти пастӣ ҳастанд. Эшон чиҳил соли тавтеа алайҳи ҷумҳурии исломӣ ва дар айни ҳол пешрафти инқилобро нишонаи нотавонии амрикоиҳо дар мутаваққиф кардани ҳаракати миллати Эрон донистанд ва гуфтанд: “Душманони Эрони азиз чиҳил сол аст, ки анвои фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва таблиғоти фарогирро алайҳи миллати эъмол карданд, аммо ҳатто он рӯз, ки ҷумҳури исломӣ тозакор буд, натавонистанд ҳеҷ ғалате бикунанд”.

 

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба дасти бартари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа афзуданд: “Бар хилофи тасаввури душманон иззат ва қудрати имрӯзи низоми исломӣ ношӣ аз бомби атомӣ нест, чаро ки мо аз ибтидо таъкид кардем, силоҳи ҳастаӣ бар хилофи мабонии динии мо аст ва ба он ниёзе надорем, бинобар ин иқтидору иззати имрӯзи миллати Эрон дар чашми дунёи Ислом ба хотири истодагӣ, фидокорӣ ва басирати мардум аст”. Раҳбари Инқилоби Исломӣ лозимаи истимрори ин ҳаракати пурифтихорро шинохти вазифа ва амал ба он донистанд ва гуфтанд, бидуни тардид, инқилоб ба пеш хоҳад рафт, аммо ҳамаи мардум, бавижа ҷавонон то Сипоҳи посдорон ва ҳама нерӯҳои мусаллаҳ ва дастгоҳҳои давлатӣ бояд нақши худро дар ин ҳаракат ташхис диҳанд ва бо улгугирӣ аз амали муъминонаи авлиёи илоҳӣ ҳамчун имоми бузургвор барои Худо ва дар роҳи Худо ба вазоифи худ амал кунанд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки рӯзи гузашта давлати Амрико дар идомаи душманиҳои худ бо Эрон ва дар иқдоме хилофи қавонини байналмилалӣ Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро созмони террористӣ эълом кард.

 

Барчасп