Апрел 10, 2019 10:58 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши фармондеҳони низомии Эрон ба иқдоми Амрико дар террористӣ хондани Сипоҳи посдорон

Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Иқдоме, ки режими Амрико дар муқобили Сипоҳи посдорон анҷом дода, кӯдакона ва комилан девонагӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон сарлашкар Абдурраҳим Мӯсавӣ дар ҳошияи дидор бо фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, аз ҷумла Артиш ва Сипоҳ, дар канори мардум хоҳанд буд ва тамоми талошашон ин аст, ки аз тамомияти арзӣ ва ормонҳои инқилоби исломӣ бо ҷиддият дифоъ кунанд.

Фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, сарлашкар Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ ҳам гуфт: Сарони Амрико мутмаин бошанд, ки имсол қудрати дифоӣ ва таҳоҷумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба маротиб бештар аз вазъи кунунии он хоҳад буд ва иртиқои рушди тавони Сипоҳ ба ҷаҳониён собит хоҳад кард, ки таҳримҳо ва иқдомоти Амрико ҳеҷ эътиборе надорад.

Сарлашкар Ҷаъфарӣ афзуд: Бо иқдоми Трамп эътибори Сипоҳ назди мардуми озодихоҳ ва ҳақталаби ҷаҳон қатъан бештар хоҳад шуд.

Дастёр ва мушвири олии Раҳбари инқилоби исломиии Эрон , сарлашкар Сафавӣ ҳам гуфт: Низомиёни амрикоӣ ба хубӣ қудрати Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро медонанд ва агар амрикоиҳо иштибоҳе кунанд, ба онҳо посухи қудратмандона хоҳем дод.

Раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар рӯйхати гурӯҳҳои террористии Амрико қарор додааст.    

Барчасп