Апрел 11, 2019 18:30 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳимоят ва ҳамдилии мардуми Эрон бо Сипоҳи посдорон: Фардо

Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон дар иттилоияе аз мардуми Эрон даъват кард, пас аз намози ҷумъаи фардо, дар тазоҳуроте, хашми худро аз террористӣ хондани Сипоҳи посдорон тавассути Амрико ба намоиш бигузоранд.

Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон, зимни маҳкумияти иқдоми нобахирадона ва ғайриқонунии раисиҷумҳури режими мустакбири Амрико, дар террористӣ хондани Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, таъкид кард: “Террористӣ хондани Сипоҳи посдорон тавассути давлате, ки худ бонӣ ва ҳомии терроризм дар сатҳи ҷаҳон аст, бештар шабеҳи як шӯхии аҳмақона ва дар айни ҳол бозӣ бо думи шер аст”.

Бар асоси ин иттилоия, миллати Эрони исломӣ, фардо пас аз хондани намози ҷумъа, шукӯҳи ваҳдати худро бо Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба намоиш гузошта ва бо ҳузури бошукӯҳ ва ваҳдат бахши худ дар тазоҳурот, фарёди «Эрони исломии якпорча, сипоҳӣ ҳастанд»-ро сар хоҳад дод.

Давлати Амрико рӯзи душанбе дар идомаи иқдомоти зиддиэронӣ ва сиёсати фишор бар нерӯҳое, ки аз тариқи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, Вашингтонро дар пешбурди аҳдофаш дар минтақа ноком гузоштаанд, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро ба феҳрасти созмонҳои истилоҳан "террористӣ" изофа кард.

Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико, нерӯҳои низомии ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё (СЕНТКОМ-United States Central Command) ва тамомии нерӯҳои вобаста ба онро "гурӯҳи террористӣ", муаррифӣ кард.

 

Барчасп