Зариф: Эрон ташкили ниҳоди мутанозири INSTEX-ро ба Аврупо эълом кардааст
(last modified Sun, 14 Apr 2019 12:27:51 GMT )
Апрел 14, 2019 17:27 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон ташкили ниҳоди мутанозири INSTEX-ро ба Аврупо эълом кардааст

Вазири умури хориҷии Эрон дар дидори раиси Комиссияи сиёсати хориҷӣ ва муҳоҷирати Сенати Италия гуфт, Эрон ниҳоди мутанозири INSTEX (Instrument in Support of Trade Exchanges)-ро эҷод ва ташкили онро ба Иттиҳоди Аврупо эълом кардааст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар ин дидор бо ишора ба равобити қавии байни ду кишвар дар чиҳил соли гузашта ибрози умедворӣ кард, давлати эътилофии кунунии Италия равобити хуби иқтисодии худ бо Эронро монанди гузашта идома диҳад. Веториу Росари Потрочли, раиси Комиссияи сиёсати хориҷӣ ва муҳоҷирати Сенати Италия ҳам дар ин дидор сафари худ ба Эронро ба иллати равобити хуби байни ду кишвар донист ва хостори ҳифз ва таъмиқи равобити Руму Теҳрон шуд. Раиси Комиссияи сиёсати хориҷии Италия ҳамчунин таъкид кард, гурӯҳи дӯстӣ ва парлумонии Италия ва Эрон дар Сенати Италия эҷод шудааст.

Дар дидори ду тараф ҳамчунин иқдомоти хасмонаи Амрико дар қиболи Эрон, таҳаввулоти байналмилалӣ, масоили минтақа ва таҳаввулоти шимоли Африқо баррасӣ шуд.