Апрел 14, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ироқчӣ ба иддаои сафири Фаронса: Порис бояд сареан рӯшангарӣ кунад

Муовини сиёсии вазири умури хориҷии Эрон таъкид кард, агар твитҳои сафири Фаронса дар Вашингтон дар хусуси ғанисозии уран аз сӯйи Эрон мавозеи расмии Фаронса бошад, ин мавозеъ нақзкунандаи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак хоҳад буд.

Дар ҳоле ки Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ то кунун 14 навбат бар иҷрои комили тааҳҳудоти Эрон дар чорчӯби тавофуқномаи БарҶОМ сиҳҳа гузоштааст, Жерард Арод, сафири Фаронса дар Амрико ба тозагӣ муддаӣ шудааст, далеле барои ғанисозии уран тавассути Эрон пас аз тавофуқи БарҶОМ вуҷуд надорад. Ин изҳорот вокуниши Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эронро дар пай дошт. Арод ҳамчунин иддао кард, Эрон маҷбур аст, бар асоси паймони манъи густариш ва протколи илҳоқӣ дар шароити назоратҳои шадид собит кунад, ки фаъолиятҳои ҳастаияш сулҳомез аст.

Ироқчӣ дар вокуниш ба иддаои сафири Фаронса дар Вашингтон дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” навишт, давлати Фаронса бояд мавқеи худро рӯшан кунад ва дар ғайри ин сурат Эрон иқдоми лозимро анҷом медиҳад.

Иддаои сафири Фаронса дар Амрико дар ҳоле аст, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пас аз тавофуқи байналмилалии БарҶОМ ҳаққи ғанисозии Эронро ба расмият шинохт.

 

Барчасп