Зариф: Иқдоми Амрико зидди Сипоҳ авоқиби хатарнок хоҳад дошт
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, иқдоми бесобиқаи Амрико зидди Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ авоқиби бисёр хатарноке ба дунбол хоҳад дошт.
Муҳаммадҷаводи Зариф, рӯзи якшанбе дар бораи вокуниши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи иқдоми Амрико зидди Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ тасреҳ кард, аввалин иқдом судури баёнияи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон буд, ки фармондеҳии марказии нерӯҳои амрикоӣ дар ғарби Осиёро ба унвони як созмони террористӣ эълом ва ҳамчунин давлати Амрикоро ба унвони режими ҳомии терроризм шиносоӣ кард. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, Вазорати умури хориҷии Эрон низ номае ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амнияти ин созмон дар мавриди ғайриқонунӣ будани иқдоми Амрико ва сиёсатҳои бисёри ғалати Амрико дар минтақа ирсол кард.
Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон бо баёни ин ки Эрон дар хусуси иқдоми Амрико зидди Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ паёмҳое низ барои вазирони хориҷаи ҳамаи кишварҳо ирсол хоҳад кард, хотир нишон кард, мавзеъгирии ҳама кишварҳо дар ин хусус зарурӣ аст, зеро онҳо бояд бидонанд, иқдоми бесобиқаи Амрико дар ин замина авоқиби бисёр хатарноке дошта ва хоҳад дошт.
Давлати Амрико дар идомаи иқдомоти зиддиэронӣ ва сиёсати фишор бар нерӯҳое, ки аз тариқи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ Вашингтонро дар пешбурди аҳдофаш дар минтақа ноком гузоштаанд, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро ба феҳрасти созмонҳои истилоҳан террористӣ изофа кард. Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико нерӯҳои низомии ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё ва тамоми нерӯҳои вобаста ба онро "гурӯҳи террористӣ" муаррифӣ кард.