Арзишмандтарин хонаи ҷаҳон дар Теҳрон+Акс
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43134-Арзишмандтарин_хонаи_ҷаҳон_дар_Теҳрон_Акс
Хонае дар ҷануби шаҳри Теҳрон яке аз гаронтарин хонаҳои ҷаҳон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 17, 2019 11:22 Asia/Dushanbe
  • Арзишмандтарин хонаи ҷаҳон дар Теҳрон+Акс

Хонае дар ҷануби шаҳри Теҳрон яке аз гаронтарин хонаҳои ҷаҳон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз бошгоҳи хабарнигорони ҷавон ин хона, ки хеле ҳам бузург нест ба сабаби ашёи бостонӣ, ки дар меъмории он ба кор рафтааст, гарон ва боарзиш аст.

Прфессор Поп дар даҳаи 40-уми шамсӣ дар мақолае, ки ба баррасии ҳунарҳои Эрон пардохта буд ин хонаро арзишмандтарин хонаи ҷаҳон номидааст.

Ин хона дар ихтиёри як ситод бо завқи Донишгоҳи Теҳрон ба номи устод Муҳсини Муқаддам писари Эҳтисоб-ул-мулук шаҳрдори давраи Носириддиншоҳ (Қоҷор) буд. Ӯ ки чун ба ҳавзаи бостоншиносӣ ва осори таърихӣ алоқаи фаровоне дошт, осори бостонӣ, ки ба ғорат мерафта ва ё фурӯхта мешуда ва дар остонаи тахриб бударо ҷамъоварӣ ва дар хонааш аз онҳо нигаҳдорӣ мекардааст.