Апрел 17, 2019 17:13 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳодисаи сели Эрон бадтарин озмоиши таърихӣ барои ҳайати ҳокими Амрико буд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳодисаи сел дар кишварро бадтарин озмоиши таърихӣ барои ҳайати ҳокими Амрико унвон кард ва гуфт, сарони режими Амрико бо ҷилавгирӣ аз эҳдои кумакҳои дигар кишварҳо ва “Салиби Сурх” ба “Ҳилоли Аҳмар” -и Эрон моҳияти худро ифшо карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат афзуд, амрикоиҳо, ки иддао мекарданд бо мардуми Эрон ҳеҷ мушкиле надоранд ва бо давлати Эрон дучори мушкил ҳастанд, дар ҳодисаи сел хабосат ва зиддибашар будани худро нишон доданд.

Рӯҳонӣ изҳор дошт, ҳодисаи сел дар Эрон ва иқдоми Амрико дар баробари ин ҳодиса нишон дод, мардуми Эрон бояд барои рафъи мушкилоти кишвар рӯйи пойи худ биистанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо қадрдонӣ аз ҳамаи давлатҳое, ки дар ҳодисаи сел ба кумак ва ёрии давлат ва миллати Эрон шитофтанд, таъкид кард, давлати Эрон бо кумаки мардум хисоратҳои ношӣ аз селро ҷуброн хоҳад кард.

Боришҳои бесобиқаи ахир ва ҷорӣ шудани сел дар бархе аз манотиқи шимол, ғарб ва ҷануби Эрон хисорати молӣ ва ҷонии фаровон барҷой гузошт. Созмони пизишкии қонунии Эрон шумори ҷонбохтагонро 76 нафар эълом кардааст.

 

Барчасп