Апрел 18, 2019 16:20 Asia/Dushanbe
  • Новшиканҳои ҷадиди Эрон ба дарё мераванд

Фармондеҳи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ин нерӯ дар соли ҷории шамсӣ, чанд новшикан(киштии ҷангӣ)-и ҷадид ба новгони дарёии Эрон изофа хоҳад кард.

Ба гузориши ИРНА, фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон Ҳусайни Хонзодӣ афзуд, бар асоси барномарезиҳо дар соли 1398, чанд адад новшикан аз навъи “Мавҷ” ва чанд адад новҳои мушакандоз аз навъи “Пайкон” ба нерӯи дарёӣ мулҳақ мешаванд.

Хонзодӣ дар бораи бозсозии новшикани “Дамованд” низ гуфт, бозсозии новшикани “Дамованд” дар мароҳили поёнӣ аст ва ба зуддӣ ба новгони дарёии шимоли кишвар, изофа хоҳад шуд.

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон ҳамчунин аз рӯнамоии новшикани “Дано” дар соли ҷории шамсӣ хабар дод. Новшикани “Дено” яке аз тарҳҳое аст, ки мароҳили аслии сохти он ба итмом расидааст.

Хонзодӣ, пештар низ эълом карда буд, ки авоили соли 1398 новшикани “Дамованд” ба дарё боз мегардад ва билофосила пас аз он новшикани “Дено” дар обҳои ҷануб илҳоқ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон, илҳоқи аввалин насл аз шиноварҳои «Мишко» навъи «Сабо», аз дигар барномаҳои нерӯи дарёӣ дар соли ҷорӣ аст.