Ташкили нерӯи вокуниши сареъ дар марзҳои Эрон ва Покистон + видео
(last modified Mon, 22 Apr 2019 11:58:03 GMT )
Апрел 22, 2019 16:58 Asia/Dushanbe
  • Ташкили нерӯи вокуниши сареъ дар марзҳои Эрон ва Покистон + видео

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Теҳрон ва Исломобод тасмим гирифтанд барои муборизаи муштарак бо терроризм дар марзҳо, нерӯи вокуниши сареъ ташкил диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар Теҳрон афзуд, Эрон ва Покистон тавофуқ карданд ҳамкории амниятии ду кишвар афзоиш ёбад.

 

Рӯҳонӣ музокира бо нахуствазири Покистонро гоми ҷадид дар равобити Теҳрон ва Исломобод донист ва изҳор дошт, ду кишвар мусаммам ҳастанд ин равобит тавсеа ёбад ва ҳеҷ кишвари сеюме наметавонад ин равобитро таҳти таъсир қарор диҳад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба зарфиятҳои Теҳрон ва Исломобод барои густариши ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ афзуд, Эрон омода аст ниёзҳои нафтии Покистонро таъмин кунад ва иқдомоти лозимро дар мавриди такмили хати лӯлаи газ анҷом диҳад.

 

Имрон Хон, нахуствазири Покистон низ дар ин нишасти хабарии муштарак, бо ишора ба ҷойгоҳи Эрон дар минтақаи ғарби Осиё гуфт, Теҳрон ва Исломобод метавонанд дар эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон нақши муассире ифо кунанд.

Имрон Хон ҳамчунин иқдомоти Амрикоро дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ва пайвастани Ҷавлони ишғолӣ ба ин режим, нақзи ошкори қатъномаҳои Созмони Милал донист ва афзуд, ин иқдом нақзи ҳуқуқи инсонҳост.

Нахуствазири Покистон бо ишора ба масъалаи Кашмир низ гуфт, Кашмир роҳи ҳалли низомӣ надорад ва агар мушкили он ҳал шавад, тиҷорат дар минтақа равнақ мегирад.

 

Имрон Хон ҳамчунин бар зарурати афзоиши ҳамкории Эрон ва Покистон дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

Нахуствазири Покистон рӯзи гузашта барои дидор бо мақомоти Эрон роҳии ин кишвар шуд. Сафари Умрон Хон ба Эрон аз Машҳад оғоз шуд ва ӯ пас аз зиёрати ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Ризо (а) озими Теҳрон шуд.