Апрел 23, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Мусаввабаи маҷлиси Эрон алайҳи фармондеҳони нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа

Эрон фармондеҳони Ситоди фармондеҳии нерӯҳои амрикоии мустақар дар минтақаи ғарби Осиё ва шарқи Африқо, мавсум ба “СЕНТКОМ” ва созмон ё ниҳодҳои дар ихтиёри онҳоро таҳти таъқиби қазоӣ қарор медиҳад.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар ҷаласаи бози имрӯз (сешанбе) тарҳи иқдоми мутақобил алайҳи тавтеаи ахири Амрико дар эъломи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба унвони созмони террористиро бо 168 раъйи мувофиқ, 6 раъйи мухолиф ва ҳашт раъйи мумтанеъ тасвиб карданд.

Бар асоси модаи 4 –и ин тарҳ, вазорати иттилоот ва дигар дастгоҳҳои иттилоотии Эрон мукаллаф шуданд, феҳристи фармондеҳони нерӯҳои амрикоии мустақар дар минтақаи ғарби Осиё ва шарқи Африқо ва созмонҳову ниҳодҳои таҳти ихтиёри онҳоро, ки аз террористҳо ҳимоят ва пуштибонӣ мекунанд, барои пайгарди қазоӣ эълом кунанд.

Тибқи ин мусавваба, қувваи қазоияи Эрон бояд ҳаддиаксар дар муддати се моҳ аз тасвиби ин қонун созукореро эҷод кунад, ки бар асоси он ин афрод ба унвони террорист таҳти таъқиб ва муҷозоти қазоӣ қарор гиранд.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамчунин давлати ҷумҳурии исломиро муваззаф карданд, бар асоси ин қонун дар баробари иқдомоти террористии нерӯҳои амрикоӣ, ки манофеи кишварро ба хатар меандозанд, иқдомоти мутақобил ва қотеъ анҷом диҳад.

Бо тасвиби Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, давлати ҷумҳурии исломӣ ва нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар муваззафанд бо иқдомоти зарурӣ ва ҳушмандона ба гунае амал кунанд, ки нерӯҳои амрикоӣ натавонанд аз тавон ва имконоти худ алайҳи манофеи Эрон истифода кунанд.

Пештар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Ситоди фармондеҳии нерӯҳои амрикоии мустақар дар минтақаи ғарби Осиё ва шарқи Африқо (СЕНТКОМ) ва низ ҳамаи нерӯҳои вобаста ба онро террористӣ эълом карда буд.

 

Барчасп