Посухи твиттерии коршиноси «Фокс нюс» ба мухолифони Эрон
(last modified Sat, 27 Apr 2019 14:44:45 GMT )
Апрел 27, 2019 19:44 Asia/Dushanbe
  • Посухи твиттерии коршиноси «Фокс нюс» ба мухолифони Эрон

Коршиноси бособиқаи шабакаи «Фокс нюс», ки ба иллати интишори ёддоште дар бораи дидораш бо вазири хориҷаи Эрон ва низ эъдоми 37 шаҳрванди арабистонӣ ҳадафи эътироз қарор гирифта буд, таъкид кард, ки ҳамлакунандагон ба ӯ ба далели сукут дар баробари ҷанги Яман ва ҳамалоти 11 сентябр афроде риёкор ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Ҷералдо Ривера, коршиноси аршади шабакаи амрикоии мавриди алоқаи Доналд Трамп баъд аз мувоҷеҳ шудан бо эътирози густурдаи ҳомиёни Арабистони Саудӣ ба твити ӯ дар бораи Эрон, дар твити тоза ба нақшофаринии мустақими Риёз дар ҳамалоти 11 сентябри соли 2001, куштор дар Яман ва қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди Арабистони Саудӣ дар Истанбул ишора кардааст.

Ӯ пештар бо интишори аксе аз дидори худ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар Ню-Йорк навишта буд: «Ҳамроҳи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ҳар ақидае ҳам, ки дар бораи кишвари куҳани ӯ дошта бошед, ба ҳар ҳол онҳо ақаллиятҳои мазҳабиро куштор намекунанд, шабеҳи Арабистони Саудӣ, ки ҳамин ахиран 37 нафарро эъдом кардааст, ки 33 нафарашон шиа буданд».

Image Caption

 

Ривера, коршинос ва муҷрии барҷастаи шабакаи «Фокс нюс» баъд аз ин изҳори назар бо ҳуҷуми густурдаи чеҳраҳои тарафдори Арабистони Саудӣ, режими саҳюнистӣ ва душманони шинохташудаи Эрон рӯбарӯ шудааст.

Ривера дар твити тозаи худ дар ҷавоб ба эътирозҳо алайҳи худаш навишт: «Хитоб ба онҳое, ки аз дидорам бо вазири умури хориҷаи Эрон интиқод мекунанд: оё шумо ба эъдоми дастаҷамъии ахир дар Арабистони Саудӣ ҳам интиқод кардед? Дар бораи куштор дар Яман чӣ тавр? 11 сентябр? Хошуқҷи? Ин риёкории мутакаббиронаро канор бигузоред. Шояд шумо дар листи маошхурон (маошбигирони Арабистони Саудӣ) ҳастед”.

Ин аввалин бор нест, ки ин коршиноси аршади амрикоӣ ва хабарнигори бособиқа мавозеи Арабистони Саудиро ба боди интиқод гирифта ва мавзеи Амрико дар қиболи Эронро накӯҳиш кардааст.

Ӯ тобистони соли пеш ҳам дар шабакаи “Фокс нюс” гуфта буд: “Сиёсати Амрико дар бораи Эрон, сиёсате варшикаста аст, мо дар Ховари Миёна комилан душманамонро иштибоҳ гирифтаем. Таҷрибаи ман аз даҳаҳо пӯшиш ва мухобираи гузоришҳо, ҷангҳо, азияту озорҳо ва иқдомоти шарри Арабистони Саудиро нишон медиҳад, рабояндагони ҳаво паймоҳо дар ҳамалоти 11 сентябр аз Арабистони Саудӣ буданд, онҳо ДИИШ ҳастанд, онҳо Алқоида ҳастанд, онҳо Ашшубоб ҳастанд. Ин Арабистони Саудӣ аст, ки мушкили воқеӣ аст. Ба назари ман, мо метавонем бо эрониҳо таомул кунем, аммо саудиҳо моро харидаанд, саудиҳо сиёсати хориҷии моро харидаанд”.

 

Барчасп