Апрел 28, 2019 14:03 Asia/Dushanbe
  • Раиси маҷлиси Эрон: эрониёни Амрикоро пушаймон хоҳанд кард

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон гуфт, эрониён бо истодагӣ мақомоти Амрикоро пушаймон хоҳанд кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Алии Лориҷонӣ рӯзи якшанбе дар ҳамоиши байналмиллалии "Ояндаи ҷаҳони ислом дар уфуқи 1414" дар Теҳрон бо ишора ба рафторҳои раиси ҷумҳури Амрико афзуд, Трамп тасаввур мекунад иқдомоташ ба нафъи Амрико аст, аммо рафтораш боиси беэътимодии бештари дунё ба Амрико шудааст.

Раиси Маҷлиси Эрон  бо ишора ба хуруҷи Амрико аз бархе муоҳидоти байналмиллалӣ аз ҷумла муоҳидаи Париж ва газҳои гулхонаӣ, муҳити зист ва БАРҶОМ гуфт, мутаасифона Иттиҳодияи Аврупо нишон дод қудрати лозимро дар ҳифозат ва ҳимоят аз ин муоҳидаҳои байналмиллалӣ надорад.

Лориҷонӣ мавзӯъи хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва масъалаи ҳастаии Эронро мисдоқе бар бетаъаҳудии Амрико нисбат ба қарордодҳои байналмиллалӣ донист ва гуфт, Эрон ҳеҷ рафтори илмӣ аз кишварҳои аврупоӣ дар баробари БАРҶОМ ва таъаҳудоти байналмиллалӣ мушоҳида накард.

Раиси маҷлиси Эрон бо баёни инки ҷаҳони ислом аз ифротигарӣ ва такфир ранҷ мебарад бо ишора ба иқдомоти террористӣ дар Шри-Ланка ва эъдоми даста ҷамъӣ ва гардан задани 37 нафар аз шаҳрвандони арабистонӣ ба Оли Саъуд ҳушдор дод.

Лориҷонӣ дар бахши дигаре аз суханони худ афзуд, Эрон, Малайзия, Туркия ва Ироқ пояи аввалияи иртибототи тиҷории бештарро эҷод кунанд, то дигар кишварҳои исломӣ ба он бипайванданд ва фазои нави иртибототи иқтисодӣ миёни кишварҳо фароҳам шавад.

Раиси маҷлиси Эрон доштани Девони доварии исломӣ барои кишварҳои исломиро идеаи бисёр матлубе донист ва афзуд, Девони доварии исломӣ метавонад ҳам ба тиҷорат байни кишварҳои исломӣ кумак кунад ва ҳам заминаҳои наздикии ҳуқуқӣ ва сиёсиро байни онҳо афзоиш диҳад.

 

Барчасп