Дурахшиши ду филми эронӣ дар ҷашнвораи байналмилалии филми Қазони Русия
(last modified Wed, 01 May 2019 08:11:02 GMT )
Май 01, 2019 13:11 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши ду филми эронӣ дар ҷашнвораи байналмилалии филми Қазони Русия

Ду филми эронии "Дар ҷустуҷӯи Фарида" ва "Дилбанд" дар ҷашнвораи байналмилалии кишварҳои исломӣ ва Қазон муваҷҷақ ба дарёфти ҷоиза шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, раисҷумҳури Тотористон ҷоизаи бахши "Башарият дар синамо" ва ҳамчунин ҷоизаи нақдии 500 ҳазор рублии ин ҷашнвораро ба филми "Дар ҷустуҷӯи Фарида" ба коргардонии Озода Мӯсавӣ ва Куруши Атоӣ аз Эрон эҳдо кард.

Аз сӯи дигар дар ин ҷашнвора дар бахши "Филми мустанад" ҳам филми эронии "Дилбанд" аз Ёсири Толибӣ ва филме аз коргардони қазоқистонӣ ба унвони филмҳои баргузида интихоб шуданд.

Филми мустанади "Дилбанд"-и сохтаи Ёсири Толибӣ аз Эрон дар бораи зиндагии зани 83-солае, ки дар шимоли Эрон дар шароити душвори кӯҳҳои Албурз ба говдорӣ мағшул аст.

Филми "Дар ҷустуҷӯи Фарида" филми мустанади дарозмуддат дар бораи духтаре аст, ки дар кӯдакӣ тавассути завҷи ҳоландӣ аз Эрон ба фарзандхондагӣ гирифта шудааст ва дар остонаи чилсолагӣ ба дунболи хонаводаи худ дар Эрон мегардад ва тасмим мегирад барои аввалин бор ба зодгоҳаш, Эрон сафар кунад.