Май 03, 2019 17:33 Asia/Dushanbe
  • Эрон кишвари фурсатҳои иқтисодии яктриллиондолларӣ

Муовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон эълом кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон кишвари фурсатҳои иқтисоди яктриллиондолларӣ аст ва дарҳои он ба рӯйи ҳамаи сармоягузорон боз аст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳсини Солеҳиниё муовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар нишасти тиҷории шонздаҳумин "Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё" дар Доҳа пойтахти Қатар тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишваре сулҳталаб ба дунболи густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ дар тамоми заминаҳо, аз ҷумла интиқоли фановарӣ, тавсиаи омӯзиш, энержӣ, гардишгарӣ, зерсохтҳои иртиботӣ, дорӯ ва дармон аст.

Солеҳиниё ҳамчунин бо ишора ба таҳримҳои якҷонба ва ғайриқонуни Амрико зидди Эрон, афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон саноатитарин кишвари минтақа аст ва илова бар таъмини амнияти энержии кишварҳои дӯст, манбаи таъмини маҳсулоти саноатӣ ва маъдании гуногуне аст, ки ба ақсои нуқоти ҷаҳон содир мешавад.

Муовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон таъкид кард: Теҳрон аз кишварҳои ҷаҳон интизор дорад, ки барои беасарсозии таҳримҳои золимона ва якҷонбаи Амрико бар Ҷумҳурии Исломии Эрон, нақше фаъолтар аз гузашта ифо кунанд, зеро идомаи ин вазъият, дар ниҳоят ҳамаро дучори мушкили якҷонбагароӣ ва зиёдаталабии зӯргӯён хоҳад сохт ва фақат ба Эрон хатм нахоҳад шуд.

Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё, июни 2002 бо ҳадафи кумак ба тавсиаи иқтисодӣ ва фароҳамсозии бистарҳои расидан ба сулҳи пойдор аз тариқи гуфтугӯ ва таомули дарунминтақаӣ таъсис шуд.

Дар ҳоли ҳозир 34 кишвар узви ин маҷмаъ ҳастанд.

 

Барчасп