Май 08, 2019 18:23 Asia/Dushanbe
  • Ситоиши Русия аз сабри Эрон дар қиболи БарҶом

Вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (чаҳоршанбе) дар Маскав дидор ва дар бораи масоили дуҷониба ва минтақаӣ гуфтугӯ карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо ишора ба нақшу аҳамияти равобити Теҳрон - Маскав гуфт, аз байни кишварҳои боқимонда дар БарҶом, бархе аз кишварҳо, азҷумла Русия барои Эрон аҳамияти вижа дорад.

Зариф афзуд, Эрон ва Русия дар як соли гузашта ва пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶом равобити бисёр хубе доштаанд, аммо мутаассифона, Аврупо ҳеҷ иқдоме анҷом надод.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки ҳомили номае аз Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи тасмими Теҳрон дар хусуси БарҶом аст, изҳор дошт, мавқеият ва шароити ҳамкорӣ ва навъи равобити ҳамаи кишварҳо бо Эрон яксон нест.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ҳам дар ин дидор бо қадрдонӣ аз тамоюли Эрон ба пойбандӣ ба қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид изҳор кард, Русия эҳтироми зиёде барои сабри Эрон қоил аст.

Лавров хотирнишон кард, рафтори Вашингтон дар қиболи БарҶом мусаббаби масоиле аст, ки дар хусуси ин тавофуқ ба вуҷуд омадааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (чаҳоршанбе) номаеро ба руасои кишварҳои боқимонда дар БарҶом, шомили Русия, Фаронса, Англия, Чин ва Олмон ирсол кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин нома иқдомоти Эрон дар посух ба аҳдшикании Амрико ва иқдомоти хилофи қавонини байналмилалии ин кишварро ташреҳ ва хотирнишон кард, кишварҳои боқимонда дар БарҶом шаст рӯз фурсат доранд ба тааҳҳудоти худ дар БарҶом амал кунанд.

 

Барчасп