Май 09, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футсоли Эрон дар раддаи сеюми ҷаҳон

Дар ҷадидтарин раддабандии тимҳои миллии футсоли ҷаҳон, тими миллии футсоли Эрон дар раддаи сеюм боқӣ монд.

Дар раддабандии тимҳои миллии футсоли ҷаҳон, ки дар моҳи майи 2019 дар пойгоҳи интернетии “Futsal World Ranking” мунташир шуд, тими миллии футсоли Эрон, ҷойгоҳашро дар раддаи сеюми ҷаҳон ҳифз кард.

Дар ин раддабандӣ, Бразилия дар рутбаи аввал ва Испания дуввум аст.

Тимҳои Аргентина ва Португалия ҳам дар рутбаҳои чаҳорум ва панҷум қарор гирифтаанд.

 

Барчасп