Май 10, 2019 15:47 Asia/Dushanbe
  • Русия таҳрими Амрико зидди саноати оҳан ва маъдани Эронро маҳкум кард

Вазорати умури хориҷаи Русия зимни ҳушдор ба Амрико дар хусуси иқдомоти хасмонаи Вашингтон зидди Теҳрон, таҳрими бахши маъдан ва оҳани Эронро маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи чоршанбе дар идомаи иқдомоти хасмонааш алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, бо судури як фармони иҷроӣ таҳримҳои наверо алайҳи бахши маъдан ва оҳани Эрон эъмол кард.

Вазорати умури хориҷаи Русия асри рӯзи панҷшанбе дар баёнияе аз Вашингтон хост ҳар гуна иқдомеро,  ки монеи ҳамкории кишварҳои дигар бо Эрон дар арсаҳои молӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва соири  ҳавзаҳо мешавад, мутаваққиф кунад.

Дар ҳамин ҳол Владимир Путин, раиҷумҳури Русия асри панҷшанбе бо аъзои Шӯрои амнияти ин кишвар дар бораи БАРҶОМ гуфтугӯ кард.

Дар ин нишасти изтирорӣ, ки ба раёсати Владимир Путин ва бо ҳузури аъзои доимии Шӯрои амнияти Русия баргузор шуд, тасмими Теҳрон барои таваққуфи иҷрои бархе аз бандҳои БАРҶОМ баррасӣ шуд.

 

Барчасп