Май 11, 2019 11:04 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ ; Эрон ба андозаи кофӣ дар Барҷом хештандорӣ кардааст

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба тавақуфи бархе иқдомҳои Теҳрон таъкид кард; Эрон ба андозаи кофӣ дар Барҷом хештандорӣ карда аммо Аврупо аз ин фурсат то кунун истифода накардааст.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, Сайидаббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори Ричорд Мурӣ  мудири сиёсии вазорати хориҷаи Англия  ва музокира кунандаи  Барҷоми ин кишвар дар Теҳрон афзуд; Аврупо набояд иродаи Эрон барои коҳиши марҳила ба марҳилаи таъаҳудоти худро дасти кам бигирад.

Ироқчӣ ҳамчунин бо таъкид бар зарурати иҷроии таъаҳудоти кишварҳои боқимонда дар Барҷом ( Англия, Фаронса Олмон, Чин ва Русия ) иқдоми амалӣ аз суи Аврупо ба вижа дар ду ҳавзаи нафт ва бонк таи шаст рӯзи ояндаро хостор шуд.

 Ричорд Мурӣ мудири сиёсии  Вазорати хориҷаи Англия низ дар ин дидор бо ишора ба таъаҳудоти ин кишвар ба Барҷом ва талоши Лондон барои фаъолсозии созукори вижаи молии Аврупо ва Эрон (ИНСТЕКС) изҳор кард; Англия ба талоши худ барои таъмини хостаҳои Эрон идома медиҳад.

Эрон аз рӯзи чоршанбе ( 18 майи 2019 ) бархе иқдомҳои худ дар Барҷомро мутавақиф кард ва ба кишварҳои боқимонда дар ин тавофуқ,60 рӯз барои иҷроии таъаҳудоти худ ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтӣ фурсат дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии исломии  Эрон рӯзи чоршанбе бо ишора ба кӯтоҳии кишварҳои ғарбӣ дар иҷроии Барҷом гуфт; Эрон ба тақвияти захираҳои уранни ғанишуда ва оби сангин хоҳад пардохт ва агар аврупоиҳо натавонистанд таи 60 рӯз таҳримҳои якҷонибаи Амрикоро ҷуброн кунанд, Эрон сохти реактори ҳастаиро низ аз сар мегирад.

Барчасп