Май 12, 2019 17:53 Asia/Dushanbe
  • Ашёи таърихии эронӣ дар намоишгоҳи

Мудири Осорхонаи миллии Эрон гуфт: Понздаҳ нигораи таърихӣ аз осорхонаи миллии Эрон барои ширкат дар намоишгоҳи "Тамаддунҳои осиёӣ" ба осорхонаи миллии Чин мунтақил шуд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Ҷабраил Навканда, мудири Осорхонаи миллии Эрон бо баёни ин, ки ашёи таърихии Эрон марбут ба давраҳои Ҳахоманишӣ то Сафавӣ аст, афзуд: Ин ашёи таърихӣ дар канори 450 асар аз 20 кишвари осиёӣ дар намоишгоҳи "Тамаддунҳои осиёӣ" ба намоиш гузошта мешавад.

Намоишгоҳи "Тамаддунҳои осиёӣ" фардо (душанбе) дар Осорхонаи миллии Чин ифтитоҳ меёбад. 

Барчасп