Рӯҳонӣ: Ба қудратҳои бузург набояд умед баст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i4375-Рӯҳонӣ_Ба_қудратҳои_бузург_набояд_умед_баст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, зуҳури терроризми такфирӣ, зери по гузошта шудани ҳуқуқи миллати Фаластин ва идомаи фақру хушунат, куштор ва оворагӣ дар кишварҳои дар ҳоли тавсеа собит мекунад, ки набояд барои касби амнияту пешрафт ба қудратҳои бузург умед баст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 18, 2016 10:08 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ба қудратҳои бузург набояд умед баст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, зуҳури терроризми такфирӣ, зери по гузошта шудани ҳуқуқи миллати Фаластин ва идомаи фақру хушунат, куштор ва оворагӣ дар кишварҳои дар ҳоли тавсеа собит мекунад, ки набояд барои касби амнияту пешрафт ба қудратҳои бузург умед баст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабака "ал-Олам", Ҳасани Рӯҳонӣ дар маросими гушоиши нишасти сарони кишварҳои узви Ҷунбиши ғайрмутааҳҳидҳо дар Венесуэла гуфт, ҷаҳониён медонанд, Эрон нахустин кишваре буд, ки нисбат ба хатари ҷаҳонии терроризми такфирӣ дар кишвари Сурия ҳушдор дод ва канори миллату ҳукуматҳои Ироқу Сурия дар баробари яке аз ҷинояткортарин гурӯҳҳои террористӣ истод.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуд, ин ҳама дар ҳоле аст, ки ҳанӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ камтарин муваффақиятеро дар робита ба эҳёи ҳуқуқи зери пошудаи миллати Фаластин ва хотима додан ба ишғолгарии саҳюнистҳо касб накардааст. Ӯ таъкид кард, чолишҳои мавҷуд дар ҷаҳон набояд моро аз мавзӯи Фаластин ва мардуми мазлуми он ғофил кунад, зеро мардуми Фаластин ҳамчунон аз ҳаққи доштани сарзамину ҳукумати аз они худ ва бозгашт ба сарзамини модарӣ маҳруманд. Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба ҳимояти қотеи кишварҳои узви Ҷунбиши ғайрмутааҳҳидҳо аз барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон таъкид кард: "Манофеи ба расмият шинохтани ҳуқуқи ҳастаии Эрон фақат маҳдуд ба ин кишвар нест, балки муқовимати миллати Эрон дар қиболи ин фишорҳо аз эҷоди як равияи хатарноки байналамилалӣ барои маҳрум кардани миллатҳои дигар аз ҳуқуқи асосии онҳо дар арсаи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаӣ ҷилавгирӣ кард". Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, Эрон гуфтугӯ ва музокираро беҳтарин роҳи ҳалли низоъҳои ҷаҳонию минтақае медонад ва худ дар ин замина пешқадам будааст.

Эрон, ки раёсати давраии Ҷунбиши ғайрмутааҳҳидҳоро бар уҳда дошт, дар ин иҷлос раёсати ин ҷунбишро ба Венесуэла таҳвил дод.