Май 14, 2019 11:12 Asia/Dushanbe
  • Сафари Зариф ба Ҳинд: Пӯёии дипломатияи минтақаии Эрон

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон асри душанбе ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Ҳинд озими Деҳлии Нав шуд.

Дидори вазири умури хориҷаи Эрон аз Ҳинд, ки билофосила пас аз поёни сафари вай ба Туркманистон сурат гирифт, баёнгари дипломатияи фаъоли ҷумҳурии исломӣ дар нигоҳ ба равобити минтақаӣ аст.

Зариф дар поёни сафараш ба Туркманистон, бо ибрози хурсандӣ аз дидорҳояш бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳур ва Рашид Муродов, вазири хориҷаи Туркманистон гуфт, дар ин дидорҳо дар бораи равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ шуд ва ду кишвар тавофуқ карданд то ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо, азҷумла ҳамлунақл, энержӣ, транзит, тиҷорӣ ва мубориза бо маводи мухаддир густариш ёбад.

Сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Деҳлии Нав низ бо таъкид бар густариши равобит дар ҳамаи заминаҳо оғоз шуд.

Ҳинд ба далели густурдагии равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаҳои муҳиме ҳамчун энержӣ, бонкӣ, ҳамлунақл ва сармоягузорӣ дар бандари роҳбурдии Чобаҳор, вориди марҳалаи навине аз таомулоти иқтисодии ду ва чандҷониба шудааст. Аз ин рӯ, возеҳ аст, ки Ҳинд барои ҳифзу тавсеаи равобити иқтисодӣ бо Эрон, бо таваҷҷуҳ ба ду мавзеи муҳим, яъне таъмини энержӣ ва дастрасӣ ба роҳи транзитии Эрон аз тариқи бандари Чобаҳор ва каридори Шимол –Ҷануб, аҳамияти зиёде қоил аст.

Ҳинд бо рушди иқтисодии боло, ниёзманди таъмини энержӣ аз манобеи мутмаин аст ва Эрон гузинае пойдор барои ин ҳадаф аст. Ҳинд яке аз бузургтарин воридкунандагон ва масрафкунандагони нафт дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамзамон дувумин муштарии умдаи нафти Эрон (баъд аз Чин) аст. Аз ин рӯ, табиист, ки ки ҳар гуна монеътарошӣ дар заминаи дастрасии озод ба манобеи энержӣ метавонад бар иқтисоди кишварҳои бузурги масрафкунандаи энержӣ асари манфӣ дошта бошад. Ба ин хотир, масъалаи хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бозгашти таҳримҳои якҷонибаи Амрико ва таҳмили он ба дигар кишварҳо, аз мавзӯоте аст, ки дар музокироти вазири умури хориҷаи Эрон дар Деҳлии Нав мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор хоҳад гирифт.

Сушма Сураҷ, вазири умури хориҷаи Ҳинд дар дидори соли гузаштаи Зариф аз Ҳинд дар Деҳлии Нав гуфт, Ҳинд ба сароҳат эълом кардааст, ки аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико ҳимоят намекунад.

Ҳасани Муҳсинифард, коршиноси масоили сиёсӣ дар таҳлили мулоҳизоте, ки бояд дар равобити Теҳрон – Деҳлии Нав дар назар дошт, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир назари ғолиб дар Ҳинд, бар ин аст, ки таҳримҳои ҷадиди Амрико баста ба шиддат ва заъфи эъмоли он ё мӯҷиби таваққуфи комил ва ё дар хушбинонатарин шакли худ сабаби коҳиши суръати пешрафти тавофуқҳои муштарак хоҳад шуд.

Дар солҳои ахир тавофуқномаҳои зиёде байн ду кишвар имзо шудааст, ки 15 маврид аз онҳо дар сафари соли гузашта (феврали 2018) –и Рӯҳонӣ ба Деҳлии Нав ниҳоӣ шуд. Мавзӯоти таҳти пӯшиши ин тавофуқномаҳо густурда буда ва иҷтиноб аз ахзи молиёти музоаф, ҳамкориҳои кишоварзӣ, иртиқои ҳамкориҳо байни утоқҳои бозаргонии ду кишвар ва мувофиқатҳои бонкиро дар бар мегирад.

Дар ин чорчӯб, ҳамкориҳои Теҳрон ва Деҳлии Нав, бавижа дар пружаи бандари Чобаҳор фурсати камназире дар заминаи тиҷорат ва дастрасии осон, сареъ ва амн ба бозорҳои минтақаро фароҳам кардааст. Бо дар назар гирифтани ин мулоҳизот, сафари Зариф ба Деҳлии Навро аз як дидгоҳ мебоист дар чорчӯби дипломатияи фаъоли минтақаии Эрон арзёбӣ кард ва аз дидгоҳе дигар, дар ростои тавсеаи муносиботи дуҷонибаи Теҳрон ва Деҳлии Нав донист. Бавижа он ки Зарифро дар сафар ба Ҳинд як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамроҳӣ мекунад.