Абдулмалик Ҳусӣ; ҷиноятҳои этилофи Саудӣ,хадашае дар иродаи мардуми Яман эҷод намекунад.
Дабири куллӣ ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бомдоди душанбе гуфт; ҷиноятҳои мудовими этилофи Саудӣ ҳаргиз хадашае дар иродаи мардуми Яман эҷод нахоҳад кард, балки онҳоро барои муқовимат ва муқобила бо таҷовузоти душманон мусамамтар мекунад.
Абдулмалик Ҳусӣ бо баёни ин,ки бадтарин корномаи ҷиноятҳо дар ҷаҳон, мутаалиқ ба этилофи мутаҷовизи Саудӣ аст,гуфт; ҷиноятҳои рӯзи пнҷшанбеи этилофи мутаҷовиз дар Санъо ва ҳамла ба ғайри низомиён, ҳақиқати вуҷуди таҷовузкоронро нишон дод.
Ҳусӣ тасриҳ кард; этилофи таҷовузкори Саудӣ аз ҳамон рӯзҳои нахуст хисллати хасмонаи худро алайҳи мардуми мусалмони Яман нишон дод ва собит кард,ки қурбониёни ҷиноятҳои этилоф; кудакон, занон ва ғайри низомиён ҳастанд.
Ҷангандаҳои этилофи таҷовузкори Саудӣ рӯзи панҷшанбе маркази шаҳри Санъо, пойтахти Яманро бомбаборон карданд.
Дар ин ҷиноятҳо 6 тан аз ҷумла чор кудаки узви як хонавода ва ду мард кушта ва 71 нафар аз ҷумла 27 кудак,17 зан ва 27 мард захмӣ шуданд.
Сохтмонҳои бисёре низ дар ин ҳамла вайрон шуданд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико,Иморот ва чанд кишвари дигар аз моҳи марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ, ва ҳавоии ин кишвар кардааст.Ҷангафрӯзии Арабистон ва мутаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ,захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ сабаб шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ рӯ ба рӯ кардааст.