Май 22, 2019 17:11 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳҳои тавсеаи ҳамкории рейлӣ миёни Эрон ва Русия

Мудири роҳи оҳани Эрон ва ҷонишини раиси роҳи оҳани Русия роҳҳои тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар анҷоми тарҳҳои рейлиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Расулӣ, мудири роҳи оҳани Эрон дар дидори Александр Мишарин, ҷонишини раиси роҳи оҳани Русия дар Теҳрон, бо таъкид бар тавсеаи муносибот ва ҳамкории ду кишвар дар санъати ҳамлунақли рейлӣ гуфт, Эрон барои тавсеаи зерсохтҳои санъати ҳамлунақли рейлӣ аҳамияти зиёде қоил аст.

Расулӣ ҳамчунин бо ишора ба мазияти ташкили як ширкати муштараки рейлӣ байни Эрон ва Русия афзуд, ташкили ин ширкати муштарак метавонад дар тавсеаи муносиботи ду кишвар дар бахши ҳамлунақли рейлӣ ва афзоиши мизони транзит тавассути шабакаи рейлӣ бисёр таъсиргузор бошад.

Александр Мишарин, ҷонишини раиси роҳи оҳани Русия низ дар ин дидор бо баёни ин ки зарфиятҳо ва қобилиятҳои зиёде барои тавсеаи ҳамкории рейлӣ байни Эрон ва Русия вуҷуд дорад, изҳор дошт, Теҳрон ва Маскав метавонанд ҳаҷми ҳамкории худро то 5 миллиард евро тавсеа диҳанд.

Мишарин ҳамчунин омодагии роҳи оҳани Русияро барои ташкили ширкати муштарак бо Эрон эълом кард.

 

Барчасп