Май 29, 2019 14:44 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири умури хориҷаи Русия вориди Теҳрон шуд

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (чоршанбе) барои гуфтугӯ бо мақомоти Эрон дар бораи охирин вазъи БАРҶОМ дар сафари якрӯза вориди Теҳрон шуд.

Рябков рӯзи гузашта дар гуфтугӯ бо расонаҳо эълом кард, ки барои ройзанӣ бо мақомоти эронӣ дар бораи тавофуқи ҳастаӣ ба Теҳрон сафар мекунад.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия пештар низ эълом карда буд, ки Русия хоҳони баргузории фаврии нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ аст.

Эрон аз рӯзи 18-уми майи соли 2019 бархе иқдомоти худ дар БАРҶОМ ро мутаваққиф кард ва ба кишварҳои боқимонда дар ин тавофуқ 60 рӯз барои иҷрои тааҳҳудоти худ, бавижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтӣ фурсат дод.

 

 

Барчасп