Май 29, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазорати дифоъ ва артиши Эрон бар ҳимоят аз ормони мардуми Фаластин

Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ ва артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баёнияҳои ҷудогона, бар ҳимоят аз ормони Қудс ва миллати мазлум ва муқовимати Фаластин таъкид карданд.

Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи чаҳоршанбе, дар остонаи рӯзи ҷаҳонии Қудс дар баёнияе эълом кард, пирӯзиҳои меҳвари муқовимат дар солҳои ахир баёнгари тафаккури муқовимати зидди ишғолгарӣ дар умқи вуҷуди наслҳои навини мардуми Фаластин аст.

Дар бахше аз баёнияи Вазарати дифои Эрон омадааст: Тафаккури роҳбурдии муқовимати миллатҳо, ба вижа пас аз пирӯзӣ дар муқобили фитнаи ахири терроризми такфирии саҳюнистии ДИИШ, имрӯз ба қудрати нарми ҷаҳони Ислом ва мазлумони олам баробари низоми султа табдил шудааст ва рӯзи Қудси имсолро метавонад нуқтаи атфе дар озодсозии Байтулмуқаддас ва фурсате арзишманд барои намоиши ваҳдати бештари ҷаҳони Ислом ва ошкор сохтани расвоии чеҳраи нифоқу иртиҷои минтақа қарор дод.

Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар баёнияе таъкид кард, Эрон ба унвони парчамдори адолатхоҳӣ ва мубориза бо зулми ҷаҳонии дунёи истикбор ва дар ростои ҳимоят аз миллати мазлум ва ситамдидаи Фаластин, мубориза то барқарор шудани ҳаққи миллати мазлуми Фаластинро вазифаи ҳатмии худ дониста ва дар ин роҳ аз ҳеҷ кӯшише дареғ нахоҳад кард.

Дар идомаи ин баёния омадааст, талоши истикбори ҷаҳонӣ дар ба инҳироф кашонидани ормони озодсозии Фаластин бо тарҳҳои хоинонае ҳамчун “муомилаи қарн” қатъан ноком хоҳад монд.

Роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс - рӯзи ҷумъаи ояндаи 31 –уми майи соли 2019, баробар бо 25 –уми Рамазони соли 1440 –и ҳиҷрии қамарӣ дар дигар кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад.

 

Барчасп