Истикбор ситезии миллати Эрон дар ҳимоят аз Қудси шариф ва на ба Муъомилаи қарн
(last modified 2019-05-31T10:52:21+00:00 )
Май 31, 2019 15:52 Asia/Dushanbe
  • Истикбор ситезии миллати Эрон дар ҳимоят аз Қудси шариф ва на ба Муъомилаи қарн

Миллати истикборситези Эрони исломӣ имрӯз ( ҷумъа ) бо ҳузури пуршукуҳ дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс, ҳамбастагии худро бо миллати Фаластин ва инзиҷор аз ҷиноятҳои режими ишғолгари Қудс эълом карданд.

Миллати Эрон дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон бо ҳузури миллионӣ дар рӯзи ҷаҳонии Қудс дар беш аз 950 шаҳр, бо шиъори рӯзи ҷаҳонии Қудс, Шикасти муъомилаи қарн тасбийти ормони Фаластин ба самти маконҳои иқомаи намози ҷумъа роҳпаймоӣ ва инзиҷори худро аз саҳюнистҳо, истикбори ҷаҳонӣ ва тавтиаи амрикоии Муъомилаи қарн эълом кард.

Роҳпаймоён ҳамчун солҳои гузашта, шиъори Марг бар Амрико, марг бар  Исроил, марг бар Оли Сауд ва хоинини минтақа ва шиори озодии Фаластин ва Қудс сардоданд ва Амрикоро бузургтарин терраристи ҷаҳонӣ хонданд.

Мақомоти кишварӣ, лашкарӣ , аҳзоб, гурӯҳҳо, ақалиятҳои динӣ ва мазҳабӣ ҳамгом бо миллати бузурги Эрон фарёди ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва Қудс сардоданд ва ҷиноятҳои зидди башарии режими ишғолгари Қудсро маҳкум карданд.

Чор ҳазор хабарнигор дар саро сари Эрон ин маросимро пушиш доданд,ки 250 нафар аз хабарнигорон,хориҷӣ буданд.

Дар поёни маросими раҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс дар донишгоҳи Теҳрон, қатъномае дар маҳкумияти ҷиноятҳои режими Саҳюнистии тарҳи амрикоии мавсум ба Муъомилаи қарн ва баргузории канфронси иқтисодии Баҳрайн дар ростои оддисозии робитаҳои бархе кишварҳои арабӣ бо режими Саҳюнистӣ қироат шуд.

Барчасп