Июн 09, 2019 11:39 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Аврупо дар ҷойгоҳе нест, ки аз Эрон интиқод кунад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, аврупоиҳо дар мавқеияте нестанд, ки аз Эрон дар ҳавзаҳое, ки ба БАРҶОМ рабте надорад интиқод кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз дар маросиме дар Теҳрон бо баёни инки дар БАРҶОМ иқдом муҳим нест балки натиҷа муҳим аст афзуд, вазифае, ки аврупоиҳо ва бақияи аъзои БАРҶОМ доранд ин аст, ки шароити равобити иқтисодии Эрон одисозӣ шавад.

Зариф бо ишора ба зарбул аҷали 60 рӯзи Эрон ба аврупоиҳо тасреҳ кард, агар дар поёни муҳлати 60 рӯзи Эрон ба аврупоиҳо онон таъаҳудоти худро иҷроӣ накунанд Эрон иқдомҳои дигаре анҷом медиҳад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо интиқод аз мудохилаи кишварҳои ғарбӣ дар минтақаи ғарби Осиё изҳор кард, сиёсатҳои кишварҳои ғарбӣ ҷуз хисорат, дастоварди дигаре дар минтақаи ғарби Осиё надоштааст.

Зариф ба сафари қарибулвуқуи мақомоти хориҷӣ ба Теҳрон низ ишора кард ва гуфт, сафари нахуствазири Жопон ва вазири умури хориҷаи Олмон ба Теҳрон ва ҳамчунин сафари расиси ҷумҳури Эрон ба Бишкек ва Душанбе фурсате барои Теҳрон дар ҷиҳати табйини сиёсатҳои худ, ояндаи пеши ру ва ҳамчунин пайдо кардани роҳи ҳал барои бархурд бо сиёсатҳое, ки ҳамаи ҷаҳонро ҳадаф қарор додааст фароҳам мекунад.

Бино бар эъломи давлати Жопон нахуствазири ин кишвар 12 июн барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

Вазорати хориҷаи Олмон низ эълом кард Ҳейко Масс вазири хориҷаи ин кишвар рӯзи душанбе дар Теҳрон бо ҳамтои эронии худ дидор хоҳад кард.

 

Барчасп