Мувофиқати Раҳбари инқилоб бо афв ва тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон
Июн 09, 2019 13:11 Asia/Dushanbe
Ба муносибати иди саиди Фитр ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо афв ё тахфифи муҷозоти 691 нафар аз маҳкумони маҳкамаҳои умумӣ ва инқилоб, Созмони таъзироти ҳукуматӣ ва Созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ мувофиқат карданд.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Раисӣ, раиси қувваи қазоия ба муносибати фаро расидани иди саиди Фитр таи номае ба Раҳбари инқилоби исломӣ пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти 691 нафар аз маҳкумонро, ки дар Комиссияи марказии афв ва бахшиши воҷиди шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард, ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 аз асли 110 Қонуни асосӣ мавриди мувофиқати ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт.