Июн 12, 2019 12:13 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахуствазири Жопон ба Теҳрон, фасли нав аз равобит миёни ду кишвар

Шинзо Абe нахуствазири Жопон имрӯз чаҳоршанбе дидори расмии худ аз Ҷумҳурии исломии Эронро оғоз мекунад.

Ин сафар, ки нахустин дидори мақомҳои Эрон ва Жопон дар ин сатҳ пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ба ҳисоб меояд, мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз расонаҳо ва маҳофили сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифтааст.

Аз дидгоҳи нозирон ва таҳлилгарони сиёсӣ ба далелҳои мухталифе иштиёқи жопониҳо ба густариши ҳамкорӣ бо Эрон бо вуҷуди фишорҳои таҳримии Амрико афзоиш ёфтааст ва ин иштиёқ фурсати муносибе барои истифодаи биҳина аз ин сафар барои фаолони иқтисодии ду кишвар аст. Бо ин ҳол бархе маҳофили хабарӣ ва сиёсӣ нигоҳҳои худро маътуф ба ҷанбаи дигаре аз ин сафар кардаанд. Аз нигоҳи ин даста аз нозирон ончи аҳамияти ин сафарро барои Жопон ба унвони як қудрати иқтисодӣ афзоиш дода шароити минтақа ва нигарониҳо ба таври умда дар заминаи таҳрими хариди нафт ва фаровардаҳои петрохимия аз Эрон аст.

Ин вазъият сабаб шудааст мақомҳои Жопон бо истифода аз фурсати пешомада дар сафар ба Теҳрон омодагии худро барои кумак ба коҳиши ин нигарониҳо иброз кунанд.

Жопон севвумин иқтисоди бузурги ҷаҳон ва севвумин воридкунандаи бузурги нафт пас аз Амрико ва Чин аст ва наметавонад бозори энержии Эронро нодида бигирад.

Муассисаи таҳқиқотии Ховари Миёна ахиран бо интишори гузорише эълом кард, Жопон ба шиддат ба нафти Ховари Миёна муттакӣ аст ва мекӯшад , то дар ин росто ҳамчунон бар бозори Эрон мутамаркиз бошад.

Ончи манофеъи иқтисодии Жопон ва дигар кишварҳо ва амният ва суботро дар ғарби Осиё ба хатар андохта иқдомоти зиддибарҷомӣ ва ҷанги иқтисодӣ ва таҳримҳои ғайриқонунии Амрико аст. Таҳримҳои Амрико ноқиси қатъномаи Шурои амният дар хусуси БАРҶОМ ва муғоир бо сиёсатҳои иқтисодии калони кишварҳое монанди Жопон, Чин ва Иттиҳодияи Аврупо аст ва бо усули тиҷорати озоди ҷаҳонӣ носозгор аст. Лизо яке аз гузинаҳое, ки метавонад ба ин нигаронӣ поён диҳад аксуламали ҷиддӣ аз сӯи ҳамин кишварҳо ва аз ҷумла Жопон нисбат ба рафторҳои ғайримантиқии Амрико аст.

Кайвони Хусравӣ сухангӯи Шурои олии амнияти миллӣ дар бораи сафари нахуствазири Жопон ба Теҳрон гуфт, талош барои бозгашти Амрико ба БАРҶОМ ва ҷуброни хасоратҳои воридшуда ба Эрон ва рафъи таҳримҳои фаросарзаминии Вашингтон алайҳи Эрон, ки ҳар ду аз усули мавриди пазириш ва таъкиди ҷомеаи байналмиллалӣ аст метавонад тазмине барои муваффақияти ин сафар бошад.

Амрико дар як соли гузашта бо хуурҷ аз БАРҶОМ фишори ҳаддиаксариро калид зад ва бахши умдае аз баргҳои барандаи худ дар мавзӯи фишор ба иқтисоди Эронро ру кард, аммо натиҷае нагирифтааст. Аз ин ру дар чунин вазъияте дар нигоҳ ба аҳдофи ин сафар баҳси миёнҷигарӣ тавассути Жопон ва ҳеҷ тарафи солисе ҷойгоҳе надорад. Зеро Амрико муртакиби иштибоҳи бузурге шуда ва бояд ба шароити пеш аз таҳримҳо бозгардад.

Аммо ончи мусаллам аст Жопон дар муносибот бо Эрон ҷойгоҳи арзишманде дорад.

Яҳё Фавзӣ устоди донишгоҳ ва коршиноси равобити байналмиллал мегуяд, Жопон аз ҷумла кишварҳоест, ки пас аз БАРҶОМ талоши зиёде кардааст, то ҳузури қавӣ дар бозори Эрон аз ҷумла дар саноати сангин ва ҳавопаймо дошта бошад. Лизо интизор меравад дар сафари нахуствазири Жопон ба Эрон ду тараф дар бораи ҳузури ширкатҳои жопонӣ дар Эрон  ва сармоягузорӣ дар тарҳҳои мухталиф гуфтагӯ кунанд.

Бо чунин руйкарде музокироти мақомҳои олирутбаи Эрон ва Жопон, ки пас аз чаҳор даҳа дар болотарин сатҳ анҷом мешавад қатъан метавонад илова бар тақвияти равобити дуҷониба ба расидан ба як дарки муштарак нисбат ба иллати аслии таниш ва буҳрон дар минтақа, ки чизе ҷуз мудохилаҳо ва зиёдахоҳии Амрико нест, мунҷар шавад.