Солрӯзи тахриби қубури аиммаи атҳор алайҳимуссалом дар Бақии Арабистон
Июн 12, 2019 10:29 Asia/Dushanbe
Имрӯз (чоршанбе) ҳаштуми шавволи 1440 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 12 июни соли 2019 мелодӣ, солрӯзи тахриби қабристони Бақиъ дар Мадинаи Арабистон ба дасти ваҳҳобиёни Оли Сауд аст.
Ваҳҳобиён дар ҳаштуми шавволи 1344 ҳиҷрии қамарӣ (21 апрели 1926) бар хилофи дастуроти Қуръон ва суннати паёмбари ислом (с) ва бо бардошти ғалат аз дин, ҳарами нуронии Имом Ҳусейн (а), Имом Саҷҷод (а), Имом Муҳаммад Боқир (а), Имом Ҷаъфари Содиқ (а) чор пешвои шиа ва соҳибаи бузургвори паёмбари исломро дар Бақиъ вайрон карданд.
Дар Бақиъ аввалин мазор ба дастури Расули Акрам (с) тавассути мусалмонони садри ислом эҷод шуд.
Барчасп