Паёми таслияти Раҳбари инқилоб ба муносибати даргузашти рӯҳонии олиқадри афғонистонӣ
(last modified 2019-06-12T13:57:00+00:00 )
Июн 12, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари инқилоб ба муносибати даргузашти рӯҳонии олиқадри афғонистонӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти ҳазрати оятуллоҳ Ҳоҷӣ шайх Қурбоналии Муҳаққиқи Кобулиро ба мардуми Афғонистон, ба вижа хонадони муҳтарам, муқаллидон, иродатмандон ва шогирдони эшон таслият гуфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ин паём, улувви дараҷоти он марҳум ва раҳмату мағфирати илоҳиро барои эшон аз Худованди мутаол масъалат карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳур ва бисёре дигар аз мақомҳои баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ реҳлати оятуллоҳ Муҳаққиқи Кобулиро ба мардуми Афғонистон ва Эрон таслият гуфтанд.

Оятуллоҳ Қурбоналии Муҳаққиқи Кобулӣ ҳаштуми хурдоди 1307 –и ҳиҷрии хуршедӣ, баробар бо 29 –уми майи соли 1928 дар рустои дараи Туркмани вилояти Парвони Афғонистон ба дунё омад ва рӯзи 20 –уми хурдоди 1398, баробар бо 10 –уми июни соли 2019 дар синни 91 солагӣ дар шаҳри Қуми Эрон вафот ёфт.

Пайкари ҳазрати оятуллоҳ Муҳаққиқи Кобулӣ (раҳ) рӯзи панҷшанбе дар ҳарами ҳазрати Маъсума (с) дар Қум ба хок супурда хоҳад шуд.