Июн 13, 2019 21:15 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Талоши Эрон ҳифозат аз сулҳ ва амнияти минтақа аст

Раисиҷумҳури Эрон ҳифзи амният дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳонро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр бо аҳаммият хонд.

Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз азимат ба Қирғизистон дар Теҳрон таъкид кард, талоши Эрон ҳамвора нигаҳдорӣ ва ҳифозат аз сулҳ ва амнияти минтақа буда ва ин ҳассосияти худро нисбат ба амнияти кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, тайи солҳои гузашта дар амал нишон додааст.

Руҳонӣ бо ишора ба баргузории иҷлоси Шанхай дар Қирғизистон, афзуд, дар ин иҷлос масоили амнияти минтақа ва равобити кишварҳои узв баррасӣ мешавад.

Вай бо баёни инки дар иҷлоси Шанхай кишварҳои муҳимме ҳамчун Русия ва Чин ҳам ҳузур доранд афзуд, ин ду кишвар аз дӯстони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд, ки ҳардуи онҳо узви кишварҳои 1+4 низ ҳастанд ва дар шароити феълӣ, зарурат дорад дар бораи тавофуқи ҳастаӣ низ бо ин ду кишвар гуфтугӯ кунем.

Раисиҷумҳур ҳамчунин бо ишора ба баргузории иҷлоси СИКО дар Тоҷикистон, афзуд, ин иҷлос муташаккил аз кишварҳое аст, ки таомул ва эътимодсозиро дар минтақаи Осиё думбол мекунанд.

Раисиҷумҳури Эрон асри имрӯз(панҷшанбе), барои ширкат ва суханронӣ дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай, Теҳронро ба мақсади Бишкек, пойтахти Қирғизистон тарк кард.

Қарор аст, баъд аз нишасти сарони Шанхай дар Бишкек, раисиҷумҳури Эрон, барои ширкат ва суханронӣ дар панҷумин нишасти сарони конфронси "Таомул ва эътимодсозии Осиё"  ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон биравад.

 

Барчасп