Июн 16, 2019 11:48 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Эрон монеи нуфуз ва густариши терроризм ба дигар минтақаҳои ҷаҳон шудааст

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба нақши Эрон дар муқобила бо терроризми такфирӣ дар Сурия ва Ироқ таъкид кард, ҷумҳурии исломӣ монеъи нуфуз ва густариши терроризм ба дигар нуқоти ҷаҳон шудааст.

Ба гузориши Пойгоҳи иттилоърасонии раёсат ҷумҳурӣ дар панҷумин нишасти сарони конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё "МҲТБ" (CICA) дар шаҳри Душанбе хатоб ба сарони кишварҳои ҳозир дар ин иҷлос таъкид кард, ба далели ҳассосияти шароити кунунӣ шоиста аст кишварҳои узви нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  бо иттихози сиёсатҳои ҳушмандона, раванди чандҷонибагароиро тақвият ва бо якҷонибагароӣ муқобила кунанд.

Раиси ҷумҳури Эрон афзуд, Теҳрон борҳо омодагии худро барои тадвин ва тасвиби созу корҳои дуҷониба ва чандҷонибаи сиёсӣ ва амниятӣ ба манзури тазмини сулҳу амнияти ҳамагонӣ эълом кардааст.

Руҳонӣ бо баёни инки  мушкили деринаи Фаластин  муҳимтарин омили ноамнӣ ва густариши хушунат дар минтақа ва ҷаҳон аст хотирнишон кард, бетаваҷҷуҳии ҷомеаи байналмиллалӣ ба иқдомоти номашруи режими Исроил ва иқдомоти ғайриқонунии Амрико дар интиқоли сафорат ба Қудси шариф ва ҳимоят аз илҳоқи иртифооти Ҷавлон ба қаламрави режими саҳюнистӣ муҷиб шуд, то расидан ба роҳи ҳалле ҷомеъ ва одилона барои ин буҳрон беш аз гузашта аз дастрас дур шавад.

Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин бо ишора ба  нақши сиёсатҳои давлати феълии Амрико дар бесуботсозии кишварҳои минтақа таъкид кард, ин сиёсатҳо ноқизи ҳаққи таъини сарнавишт ба унвони яке аз ҳуқуқи асосӣ ва зотии ҳамаи миллатҳои минтақа будааст.

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва аз саргирии таҳримҳои ғайриқонунии якҷониба алайҳи Эрон таъкид кард, Эрон ба сурати яктарафа наметавонад танҳо тарафи мутааҳид ба БАРҶОМ боқӣ бимонад ва дигар кишварҳо низ лозим аст саҳми худро барои ҳифзи ин тавофуқи муҳим бипардозанд.

Руҳонӣ таъкид кард, сиёсати хориҷии Эрон мабнӣ бар ҳамкорӣ, ҳамафзоӣ ва ёфтани роҳҳои дастёбӣ ба манофеи муштарак, суди мутақобил ва дар як калима сиёсати бурд-бурд аст.

Эрон, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Кореяи ҷанубӣ, Чин, Русия, Ҳинд, Фаластин, Муғулистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Тайланд аз ҷумлаи аъзои   МҲТБ  ҳастанд.

Барчасп