Понздаҳумин нишасти иқтисодии Эрон ва Русия; тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии роҳбурдӣ
(last modified Mon, 17 Jun 2019 06:03:40 GMT )
Июн 17, 2019 11:03 Asia/Dushanbe
  • Понздаҳумин нишасти иқтисодии Эрон ва Русия; тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии роҳбурдӣ

Понздаҳумин иҷлоси Камиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Русия ва дуввумин ҳамоиши тиҷории Эрон ва минтақаи Қафқози шимолӣ рӯзи якшанбе бо ҳузури мақомот ва фаолони бахши хусусӣ ва давлатии ду кишвар дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исфаҳон оғоз ба кор кард.

Ризо Ардакониён вазири неруи Эрон дар маросими ифтитоҳияи ин нишасти бо ишора ба зарфиятҳои ду тараф дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ гуфт, иттисоли райлии Эрон метавнад заминасози фаолияти бештари Эрон ва Русия бошад, ки умедворем бо иттисоли хатти райлии Рашт-Астара ҳалқаи ниҳоии Эрон ва Русия такмил ва равобити тиҷории ду кишвар тавсеа ёбад.

Ардакониён ҳамчунин ба тавсеаи ҳамкории Эрон ва Русия дар ҳавзаи энержӣ ишора кард ва гуфт, иттисоли барқи Эрон ба Русия низ аз дигар ҳавзаҳои равобити тиҷорӣ байни ду кишвар аст, ки ин иттисол аз тариқи Арманистон ва Тоҷикистон бояд ба зудӣ барқарор шавад.

Муносиботи иқтисодии Эрон ва Русия ба мувозоти ҳамгароиҳои сиёсӣ, дар ҳоли рушд ва тавсеа аст. Ин раванд метавонад ба бистари муносибе барои тақвияти равобити роҳбурдии ду кишвар табдил шавад.

Дар понздаҳумин нишасти муштараки  иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Русия  мавзӯоте ҳамчун барқарории хатти парвози хадамоти борбарӣ байни фурудгоҳи Жуковскии Маскав бо Исфаҳон, тавлиди муштараки вагонҳои борӣ, тавлиди муштараки турбинҳои камтар аз 20 мегават, тавлиди муштараки худравҳои сангин дар дастури кори ҳайъатҳои иқтисодии ду кишвар қарор дорад.

Дар чанд соли ахир сатҳе аз ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Эрон ва Русия шакл гирифтааст, ки ҷиҳатгирии муҳимми он ҳамгароӣ дар ҷиҳати муқобила бо таҳримҳои Амрико дар равобити иқтисодӣ-тиҷории ду кишвар аст.

Таҳлилгарони масоили иқтисодӣ муътақиданд бо зарфиятҳое, ки дар равобити Эрон ва Русия эҷод шудааст ба зудӣ метавон шоҳиди робитаи босубот ва амиқтаре байни ду кишвар буд.

Сергей Чеботарев вазири Қафқози шимолии Русия  дар ҳамоиши Теҳрон бо ибрози умедворӣ нисбат ба афзоиши се баробарии ҳаҷми тиҷории ду тараф гуфт, мубодилоти тиҷории Эрон ва Русия дар соли 2018 муодили як миллиарду ҳаштсад миллион доллар буда, ки ин рақам нисбат ба соли 2017 ду дарсад афзоиш доштааст. Вай ҳамчунин аз имзои даҳҳо қарордод ва мувофиқатнома дар ҳамоиши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва фарҳангии Эрон ва Қафқози шимолӣ хабар дод.

Абдулрасул Дивсолор коршиноси масоили Русия муътақид аст ташдиди рақобатҳои минтақаӣ ва сиёсатҳои чолишофарини Амрико ва бархе қудратҳои аврупоӣ аҳамияти бештаре ба равобити Эрон ва Русия додааст.

Дар ҳамин росто Русия ва Эрон дар хусуси тазмини идомаи раванди тиҷорати дуҷониба ба манзури муқобила бо иқдомоти хасмона ва таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон тавофуқ кардааст.

Михаил Мамонов муовини вазири тавсеаи диҷиталӣ, иртиботот ва расонаҳои ҷамъии Русия, ки қарор аст 17 моҳи июн дар садри як ҳайъате ба Теҳрон сафар кунад, дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНО дар Маскав изҳор дошт, имсол дар дастури кори ҳайъати русӣ на фақат масоили ҳамкориҳои дуҷониба балки чашмандози ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Русия ва Эрон қарор дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоб дар дидори Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия ва ҳайъати ҳамроҳ дар Теҳрон (7 сетябри 2018) таҳрими Эрон, Русия ва Туркия аз ҷониби Амрикоро як нуқтаи иштироки бисёр қавӣ барои густариши ҳамкориҳо донистанд ва гуфтанд, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Русия бояд зимни густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, тавофуқҳои анҷом гирифта дар нишасти Теҳронро бо ҷиддият пайгирӣ кунанд. Акнун баргузории иҷлоси Камиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳузури ду вазири рус ва ҳайъати тиҷории беш аз 200 нафара ба мизбонии вазири неру ба унвони раиси ин камиссион дар Теҳрон нишон медиҳад ҳамкориҳои ду кишвар дар шароити фишорҳо ва таҳдидҳо ҳамчунон пуё ва пуртаҳаррук аст.