Июн 18, 2019 12:25 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз терминали Саломи фурудгоҳи байналмиллалии имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳузури Руҳонӣ

Терминали Салом дар фурудгоҳи байналмиллалии имом Хумайнӣ (раҳ) имрӯз (сешанбе) бо ҳузури Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ба баҳрабардорӣ расид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, тарроҳӣ, сохту таҷҳизи терминали Саломи фурудгоҳи байналмиллаии имом Хумайнӣ (раҳ) ба дасти муҳандисон эронӣ анҷом шудааст.

Ин тарҳ ба унвони нахустин поёнаи ҳавоии ҳушманди Эрон бо зарфияти эъзом ва пазириши солиёна панҷ миллион мусофир ба баҳрабардорӣ расид.

Акнун терминали шумораи яки фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) беш аз панҷ миллион мусофир зарфият дорад, аммо солиёна беш аз ҳашт миллион мусофир аз ин терминал тараддуд мекунад ва бо ифтитоҳи терминали панҷ миллион нафарии Салом, зарфияти ин фурудгоҳ дар 35 километрии Теҳрон солиёна ба беш аз 13 миллион нафар афзоиш меёбад.

Барчасп