Июн 22, 2019 13:41 Asia/Dushanbe
  • Нишасти вазирони хориҷаи Эрон ва Туркия дар Исфаҳон

Муҳаммад ҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Мавлуд Човуш Уғлу вазири умури хориҷаи Туркия санади роҳбурдии ҳамкории муштарак имзоъ карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин нишасти муштарак, ки рӯзи ҷумъа дар шаҳри таърихиии Исфаҳон баргузор шуд, бо таъкид бар ин ки равобити Теҳрон ва Анкара дар масири саҳиҳ ва ру ба тавсеа дар ҳоли густариш аст гуфт, сафари вазири умури хориҷаи Туркия ба Эрон барои тарроҳии равобити стратежики ду кишвар бисёр ҳоизи аҳамият аст.

Мавлуд Човуш Уғлу вазири умури хориҷаи Туркия низ тасреҳ кард, Туркия мусаммам ба тавсеа ва таъмиқи равобит бо Эрон дар ҳамаи ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст.

Густариши ҳамкорӣ дар заминаи энержӣ, бонкӣ ва гардишгарӣ баррасии муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ ба вижа вазъияти Сурия, Яман ва охирин таҳаввулот дар Халиҷи Форс аз меҳварҳои гуфтугӯ байни Зариф ва Мавлуд Човуш Уғлу буд.

Муносиботи Эрон ва Туркия дар солҳои ахир вориди арсаи равобити роҳбурдӣ шудааст. Иштироки дидгоҳи ду кишвар дар заминаи масоили минтақа ва низ зарфиятҳои бузурги ҳамкории иқтисодӣ   беҳтарин фкрсатро барои иртиқои ин равобит ба сатҳе олӣ фароҳам кардааст. Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркия дастёбӣ ба ҳаҷми мубодилоти 30 миллиард доллариро ҳадафгузорӣ кардаанд. Ин сатҳ аз равобит нишон медиҳад ду тараф мусаммам ҳастанд ҳамаи зарфиятҳоро фаол кунанд. Чунонки вазирир умури хориҷаи Эрон дар ин замина аз тарроҳии ду кишвар барои эҷоди равобити стратежик хабар дод.

Дар солҳои ахир таҳаввулоти муҳимме дар минтақа рух додааст, ки ба суръат ба таҳдидоти минтақаӣ табдил шуд ва ин раванд манофеъи ҳар ду кишвари Эрон ва Туркияро таҳти таъсир қарор дод.

Аҳмади Нуронӣ коршиноси масоили сиёсӣ мегуяд, бо тағйири шароити минтақа ду кишвар ниёз ба ҳамгароии бештар доранд ва ба вижа бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ду кишвар ин ҳамгароӣ метавонад таъсири худро илова бар минтақа дар ақсо нуқтаҳои ҷаҳон бар ҷо гузорад.

Дар ин росто ташкили Шурои олии ҳамкории роҳбурдии ду кишвар гоми муҳимме буд, ки бо таъкиди раисони ҷумҳури ду кишвар бардошта шуд. Ин тасмим фурсат ва бистари муносиберо барои ҳамгароии бештар байни ду кишвар дар ру ба руӣ  бо чолишҳои минтақаӣ ва иқдомоти таҷзияталабонаи Амрико ва режими саҳюнистӣ дар Ироқ ва Сурия фароҳам кардааст.

Акнун метавон гуфт муносиботи Эрон ва Туркия бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти минтақа ва печидагиҳое, ки дар минтақа аз ҷониби кишварҳои берунӣ дар ҳоли таҳмил ба минтақа аст вориди фози наве аз ҳамкориҳои амниятӣ ва сиёсӣ шуда, ки бар ҳифзи субот дар минтақа таъсиргузор аст. Аз ин ру тавсеаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ байни ду кишвар муҷиби тақвияти ҳамгароиҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар хоҳад шуд. Ин дар шроитест, ки мазиятҳои қобили таваҷҷуҳи Эрон дар заминаи энержӣ, заминаи мусоиде барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ байни Эрон ва Туркия фароҳам кардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин вижагиҳои роҳбурдӣ аст, ки Мартин Шерман раис ва бунёнгузори андешкадаи мутолиоти стратежики режими саҳюнистӣ хостори дур карданди Эрон ва Туркия аз якдигар шудааст.

Ин таҳлилгар дар мусоҳиба бо як шабакаи исроилӣ ибрози умедворӣ кард, ки мавқеъиятҳои мутағайир боиси тағйири манофеъ ва ба табъи он тағйири иттиҳоди Эрон ва Туркия шавад.

Ин ҳассосиятҳо дар воқеъ нишон медиҳад истифодаи ҳаддиаксарӣ аз зарфиятҳои мавҷуд дар равобити сиёсӣ ва иқтисодии Эрон ва Туркия илова бар тавсеаи муносиботи ду тараф барои ҳамгароиҳои сиёсӣ минтақаӣ дорои аҳамияте роҳбурдӣ аст. Зеро дар шароити кунунӣ, ки сиёсатҳои хасмонаи Амрико ва таҳримҳои иқтисодӣ ба абзори фишор алайҳи Эрон ва Туркия табдил шудааст, тафоҳум ва иштироки назари Теҳрон-Анкара дар мавзӯот ва масоили гуногун нақши муҳимме дар густариши муносибот ва ҳамкориҳои минтақаӣ дорад. Барои ҳамин истимрори машваратҳо ва имзои санади роҳбурдии ду кишвар аз иқдомоте аст, ки метавонад ба пешбурди тасмимоти нишасти Шурои олии ҳамкории Эрон ва Туркия кумак кунад.