Посухи қотеи Эрон ба тааррузи Амрико
Амиралии Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳавофазоии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА бо ишора ба сарнагунии паҳподи ҷосусии Амрико дар савоҳили Эрон гуфт: “Нерӯҳои мусаллаҳ ва миллати Эрон аз ҷанг истиқбол намекунанд, аммо ҳамвора омодаи дифоъ аз кишваршон ҳастанд". Ӯ афзуд, иқдоми амрикоиҳо бар хилофи муқаррарот ва урфи байналмилалӣ буд ва нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вазифаи қонунии худ амал карданд.
Посухи Эрон ба тааррузи Амрико ба ҳарими ҳавоии Эрон мубтанӣ бар ду асл муҳим аст. Асли аввал нишон додани омодагии дифоӣ ва қудрати боздорандагии Эрон дар муқобили ҳар гуна таарруз ё иқдоми таҷовузкорона аст. Дар ин чорчӯб соқит кардани паҳподи ҷосусии Амрико тавассути падофанди ҳавофазоии Эрон нишонаи иқтидор ва пешрафти саноати дифоӣ ва падофанди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аст, аммо ин ба маънои ин нест, ки Эрон ба дунболи танишофаринӣ ё иқдомоти таҳрикомез дар минтақа аст. Асли дувум дар чорчӯби вокуниши Эрон ба ин таарруз пайгирии мавзӯъ дар маҷомеи байналмилалӣ ва мутолибаи ҳуқуқии Эрон барои посухгӯии давлати Амрико ё ҳар тарафи дигаре аст, ки дар ин таарруз нақш доштааст. Дар ҳамин росто бо таваҷҷуҳ ба ин ки мабодо ҳаракати паҳподи ҷосусии Амрико аз як пойгоҳи низомии Амрико дар Аморот будааст, рӯзи шанбе кордори ин кишвар низ дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷӣ эҳзор шуд. Раиси Идораи Халиҷи Форси Вазорати умури хориҷии Эрон дар дидори кордори Аморот дар Теҳрон зимни иблоғи маротиби эътирози Эрон ба вай таъкид кард, Эрон ироаи тасҳилот ба нерӯҳои бегонаро барои ҳар гуна таарруз ба қаламрави обӣ, хокӣ ва фазоии Эрон намепазирад ва кишварҳо наметавонанд дар ин гуна маворид аз худ салби масъулият кунанд.
Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал низ дар номае ба Антонио Гутерреш, дабири кулли ин созмон, ки нусхае аз он ба раиси Шӯрои амнияти Созмони Милал низ ирсол шуда, эълом кард, иқдоми Амрико нақзи ҳуқуқи байналмилал ва маншури СММ, бавижа банди 4-и моддаи 2-и он буда ва масъулияти байналмилалии Амрикоро дар пай дорад. Маҷиди Тахтиравончӣ дар ин нома ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки Амрикоро водор кунанд, ба ин гуна иқдомоти таҳрикомез ва ғайриқонунии худ дар минтақаи ҳассоси Халиҷи Форс поён диҳад.
Пойгоҳи «Трусаут» дар ёддоште зимн таъкид бар ҳаққи қонунии Эрон барои дифоъ аз ҳарими ҳавоии худ сарнагунии як паҳподи ҷосусии Амрико тавассути Эронро иқдоми машрӯъ хонд. Ин пойгоҳ минависад: "Таҳти Конвенсияи Созмони Милал дар мавриди ҳуқуқи дарёҳо, ҳарими ҳавоии Эрон аз соҳил то 12-майлии обҳои минтақаӣ дар назар гирифта шудааст. Эрон ва Амрико аз аъзои Муоҳидаи ҳавонавардии ғайринизомии байналамилалии Чикаго ҳастанд, ки бар асли ҳар кишвари дорои ҳокимияти комил ва мунҳасир ба фарде нисбат ба фазои ҳавоии болои сарзамин худ аст, таъкид дорад". Бар асоси ин конвенсия, Эрон дар сурати нақзи фазои ҳавоияш монанди он чӣ дар мавриди паҳподи амрикоӣ рух дод, ҳаққи шиллик ва ҳадаф қарор додани онро дорад. Зимни ин ки ин иқдом пас аз ихторҳои мукаррар ба паҳподи мазкур ва тибқи ҳаққи зотии Эрон дар дифои машрӯъ аз худ, тибқи моддаи 51-и маншури Созмон Милал, сурат гирифтааст.
Абдулборӣ Утувон, таҳлилгари машҳури араб дар бахши сухани сардабири рӯзномаи фаромитақаии «Раъулявм» дар бораи ҳодисаи сарнагунии паҳподи амрикоӣ тавассути Эрон мегӯяд: "Агар Трамп иддао мекунад, иқдоми Эрон иштибоҳ будааст, иштибоҳи амрикоиҳо бисёр бузургтар аст, вақте ки мавқеияти ҳарифи худ ва посухҳои мавриди интизор аз ҷониби онро дуруст арзёбӣ накарданд ва паҳподро ба минтақаи ҳассосу пурилтиҳоб фиристоданд, ки шоҳиди таниши бесобиқа ва ҷанги нафткашҳо, бомбаборони фурудгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои барқу об дар умқи хоки муттаҳидони Амрикост."
Он чӣ дар ин ҷараён рух дод, ҳовии ин паём аст, ки Эрон шурӯъкунандаи ҳеҷ ҷанге нахоҳад буд, аммо бо салобат ва иқтидор дар баробари ҳар гуна зиёдахоҳӣ ва таҷовузи бегонагон истодагӣ мекунад.